Ҳукумати Исфара барои парастории Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯниса гови ширдеҳ медиҳад

Мақомоти ҳукумати Исфара мегӯянд, ҳар он чи барои парастории чаҳоргоникҳо Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯниса лозим аст, муҳайё месозанд ва алакай қисме аз кумакҳоро ба пайвандонаш расонидаанд. Рӯзи 10-уми июн Мавзуна Сангинова, сокини 27-солаи ҷамоати Чоркӯҳ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд чоргоник таваллуд кард ва пизишкон гуфтанд, навзодон ҳама духтарча буда, бо усули буриши қайсарӣ ба […]

Ҳалимҷон Ҷӯраев, Asia-Plus

Мақомоти ҳукумати Исфара мегӯянд, ҳар он чи барои парастории чаҳоргоникҳо Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯниса лозим аст, муҳайё месозанд ва алакай қисме аз кумакҳоро ба пайвандонаш расонидаанд.

Рӯзи 10-уми июн Мавзуна Сангинова, сокини 27-солаи ҷамоати Чоркӯҳ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд чоргоник таваллуд кард ва пизишкон гуфтанд, навзодон ҳама духтарча буда, бо усули буриши қайсарӣ ба дунё омадаанд.

Мадина Бобоиён, муовини раиси шаҳри Исфара дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи 22-уми июн ба аёдати чаҳоргоникҳо ба таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд омадаанд ва ба модарашон шаҳодатномаи таваллуд, як миқдор маблағи пулӣ ва тӯҳфаҳо ҳадя карданд. Ӯ гуфт, ҳангоми аз беморхона рухсат шудан ҳукумати Исфара навзодон ва хонаводаи ӯро зери назорат мегирад ва боз кӯмакҳо мерасонанд.

“Пас аз ба хона рухсат шудан, мо як нафар ҳамшираи тиб ва намояндаи хизматрасониро пурра барои нигоҳубини кӯдакон дар хона вобаста мекунем. Бинобар сабабе, ки инҳо чоргоник ҳастанд, шояд шири модар намерасад, аз ин рӯ, мо як гови ширдеҳ тақдим мекунем ва шароити хонаашонро боз дида мебароем. Бо пайвандони ин модар сӯҳбат кардем ва минбаъд низ аз ҷониби ҳукумати Исфара зери назорат мегирем”, – гуфт Мадина Бобоиён.

Гуфта мешавад, хонаводаи Мавзуна Сангинова зиндагии миёнаҳолона доранд ва шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Бобоева афзуд, онҳо барои зисту зиндагонӣ ва нигоҳубини навзодон хона доранд, вале масъулини ҷамоати Чоркӯҳро вазифадор кардаанд, ки то аз беморхона рухсат шудани модару кӯдак манзили онҳоро пурра аз назар гузаронанд.

Ба иттилои Расати тандурустии Суғд, Мавзуна Сангинова нахустин модар аст, ки дар соли ҷорӣ дар вилоят чаҳоргоник ба дунё овард. Пайвандонаш ба навзодон Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯниса ном гузоштаанд, ки ба гуфти табибон онҳо бо вазни мутаносибан 1,6 кг, 1,8 кг, 1,38 кг ва 1,18 кг ба дунё омаданд.

Дар зоишгоҳи шаҳри Хуҷанд давоми имсол 1833 тифл ба дунё омадааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 204 нафар зиёд аст. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.