Кумаки Ҷопон ба Тоҷикистон: гузориши махсус аз Бохтар ва Ҷайҳун

Агентӣ оид ба ҳамкории Ҷопон – JICA дар Бохтар ва Ҷайҳун дар ҷануби Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳоро ба маблағи даҳҳо миллион доллар амалӣ мекунад. Хабарнигори “Азия-Плюс” ба ин ноҳияҳо рафта, аз ҷараёни амалисозии ин лоиҳаҳо гузориш таҳия намуд. Аз ҷумла JICA лоиҳаи таъмиру навсозии қариб 10 километр роҳро, ки ҷануби кишварро бо қисмати боқимондаи ҷумҳурӣ пайваст […]

Агентӣ оид ба ҳамкории Ҷопон – JICA дар Бохтар ва Ҷайҳун дар ҷануби Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳоро ба маблағи даҳҳо миллион доллар амалӣ мекунад. Хабарнигори “Азия-Плюс” ба ин ноҳияҳо рафта, аз ҷараёни амалисозии ин лоиҳаҳо гузориш таҳия намуд.

Аз ҷумла JICA лоиҳаи таъмиру навсозии қариб 10 километр роҳро, ки ҷануби кишварро бо қисмати боқимондаи ҷумҳурӣ пайваст мекунад, амалӣ месозад. Роҳ аз духата ба чорхата табдил ёфта, дар канорҳои роҳ аз ду тараф роҳи пиёдагард сохта мешавад.

“Ҳама купрӯкҳо ҳангоми истифода нигоҳдорӣ ва таъмирро талаб мекунанд. Мо сохтор бо қубурҳои обпартои росткунҷаро интихоб кардем, зеро онҳо мустаҳкам ва устувортар буда, дар вақти истифода нигохубини камтарро талаб мекунанд”, – мегӯяд муҳандис аз Ҷопон Казухиде Татеиши.

Ба лоиҳа 22 шаҳрванди хориҷӣ ва зиёда аз 200 нафар тоҷикистониён ҷалб шудаанд. Маоши кормандон дар як рӯз ба ҳисоби миёна 100 сомониро ташкил дода, маблағи маош аз категорияи кор вобаста аст.

Ин қитъаи роҳ моҳи декабри соли 2024 ба истифода дода мешавад. Айни замон корҳо дар лоиҳа ба андозаи 46% иҷро шудаанд.

“Ба коргар эҳтиёҷ надорем. Захираҳоро дуруст тақсим кардем ва ҳамаи корҳо мутобиқи нақша ҷараён доранд”, – изҳор дошт ёвари сардори пойгоҳи сохтмон Рустам Сатторов.

Кумак ба фермерҳо

JICA ба деҳқонон ҳам кумак мекунад. Хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадосим” дар ноҳияи Ҷайҳун яке аз пешсафҳо дар минтақа буда, аз ин рӯ, сарпарастон тасмим гирифтанд, ки ба рушди он ёрӣ расонанд.

Дар доираи як лоиҳаи алоҳида дар ин ҷо 6 бех токи ангур аз навъҳои барои содирот пешбинишуда шинонида шуд. Ин кумак дар доираи лоиҳа оид ба беҳбуди некӯаҳволии аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон расонида шуд.

Лоиҳаи зикршударо JICA бо истифода аз кумаки грантии Барномаи рушди СММ амалӣ мекунад.

“Навъҳои нави ангур дар бозор хеле серталаб буда, ба парвариши онҳо ҷиддӣ муносибат мекунем”, – изҳор мекунад роҳбари хоҷагӣ Муҳаммадосим Муҳаммадҷонов.

Сандуқи JICA дар Тоҷикистон аз 44 лоиҳа иборат аст. Маблағи умумии онҳо 418 млн долларро ташкил медиҳад, ки 11-тоашон мавриди амал қарор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.