Суғд: Мошин ба ҷарӣ сарозер шуда, ронанда ба ҳалокат расид

Шаби 1 сентябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як садамаи маргбор рух дод.  «Сокини 43-солаи ҷамоати деҳоти мазкур ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Хуҷанд бо мошини «Опел-Астра G» идораи нақлиётро аз даст дода, ба чуқурии 15-20 метр сарозер шудааст. Дар натиҷаи садама ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат […]

Asia-Plus

Шаби 1 сентябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як садамаи маргбор рух дод.

 «Сокини 43-солаи ҷамоати деҳоти мазкур ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Хуҷанд бо мошини «Опел-Астра G» идораи нақлиётро аз даст дода, ба чуқурии 15-20 метр сарозер шудааст. Дар натиҷаи садама ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ).

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ҷасади ронандаро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш, 31-уми август бар асари як садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 3 нафар ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ, садама дар ҳудуди минтақаи Чоре, дар наздикии пули чорроҳаи Айнӣ-Хуҷанд рух додааст.

Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфара тааллуқ дорад, ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шудааст. Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат будааст.

Гуфта мешавад, ки сабаби садама дақиқан маълум набуда, ба эҳтимоли зиёд аз баланд будани суръати ҳаракат ронанда натавонистааст мошинро идора кунад.

Дар натиҷа се мусофири мошин ҳалок, ронанда ва як мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.