Дабири кулли СААД бо котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид кард

Субҳи имрӯз дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо котибони Шӯрои амнияти ин кишварҳо телефонӣ гуфтугӯ кард, хабар дод котиботи СААД дар Telegram-канал. Станислав Зас, Насрулло Маҳмудзода ва Марат Имонқулов зимни гуфтушунид зарурати оташбаси фаврӣ ва баргузор намудани гуфтушунидро байни мақомоти марбута […]

Субҳи имрӯз дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо котибони Шӯрои амнияти ин кишварҳо телефонӣ гуфтугӯ кард, хабар дод котиботи СААД дар Telegram-канал.

Станислав Зас, Насрулло Маҳмудзода ва Марат Имонқулов зимни гуфтушунид зарурати оташбаси фаврӣ ва баргузор намудани гуфтушунидро байни мақомоти марбута ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият танҳо бо роҳи осоишта таъкид доштанд.

Тавре ки маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар дод, кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Сарҳади давлатии ҶТ ва ҶҚ то соати 11:10-и 16 сентябри соли 2022 натиҷа надода истодаанд, зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ мекунад.  

«Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд», — омадааст дар иттилоия.

Задахӯрдҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз, 16 сентябр оғоз шуданд.

Дар сар задани муноқиша ҷонибҳо зҳҳамдигарро айбдор мекунанд.

Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, дар ҷараёни тирпаронӣ аз ҷониби Қирғизистон як марзбони тоҷик ҳалок ва 3 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон аз 18 нафар осебдидагон хабар медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.