Тоҷикистон созмонҳои байнулмилалиро ба арзёбии воқеъбинонаи рӯйдодҳо дар марз бо Қирғизистон даъват кард

Мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо нашри аксҳо аз оқибатҳои муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки рӯйдодҳои рӯзҳои 14-17 сентябрро бо чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият баҳогузорӣ намоянд. “Аксҳо аз минтақаҳои наздисарҳадии Исфарамарз бори дигар собит менамояд, ки қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони […]

Мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо нашри аксҳо аз оқибатҳои муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки рӯйдодҳои рӯзҳои 14-17 сентябрро бо чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият баҳогузорӣ намоянд.

“Аксҳо аз минтақаҳои наздисарҳадии Исфарамарз бори дигар собит менамояд, ки қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти тирборон қарор додаву оташ задаанд.

Бо пешниҳоди аксҳо аз ҷойи воқеаҳои ахир аз созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону коршиносони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ даъват карда мешавад, ки зери таъсири иғвою дасисаҳо ва дурӯғпарокании дастгоҳҳои таблиғотии кишвари ҳамсоя намонда, ҳодисаҳо ахирро бо чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият баҳогузорӣ намоянд”, – зикр мешавад дар изҳороти дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Рӯзи 18 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо бори дигар бар зарурати бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд. Ҳамзамон муҳим шуморида шуд, ки шартҳои оташбас риоя гардида, оқибатҳои даргириҳои марзӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Гурӯҳҳои корӣ ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳо барои рафтуомад кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардад. Худи ҳамон рӯз роҳ ба самти Ҷамоати деҳоти Ворух боз шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳалокати 28 нафар дар ҷараёни муноқишаи ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона 59 нафар ҳалок шудаанд.

Бо амри президенти Қирғизистон Садир Жапаров имрӯз, 19-уми сентябр дар ин кишвар Рӯзи мотам эълон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки 14-уми сентябр оғоз гардид, аз ҳарду ҷониб, даҳҳо нафар ба ҳалокат расидаву садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.