Ҳозир хонаи иҷора дар Душанбе чанд пул нарх дорад?

Нархи иҷораи хона дар Душанбе дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта якчанд баробар боло рафт. Ба гуфтаи риелторҳо (миёнаравони хариду иҷораи манзил), сабаби болоравии нарх ба Тоҷикистон омадани шумори зиёди шаҳрвандони Русия мебошад, ки пас аз эълони қисман сафарбарии ҳайати захираҳои ҳарбӣ ба артиши ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фирор мекунанд. Рӯзи 29 сентябр нархҳо […]

Нархи иҷораи хона дар Душанбе дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта якчанд баробар боло рафт. Ба гуфтаи риелторҳо (миёнаравони хариду иҷораи манзил), сабаби болоравии нарх ба Тоҷикистон омадани шумори зиёди шаҳрвандони Русия мебошад, ки пас аз эълони қисман сафарбарии ҳайати захираҳои ҳарбӣ ба артиши ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фирор мекунанд.

Рӯзи 29 сентябр нархҳо чунин буданд:

Барои як шабонарӯз

аз 150 то 1000 сомонӣ

Дар марказ ва наздикиҳои марказ – аз 200 то 500 сомонӣ (дар баъзе маврид то 1000 сомонӣ)

Канораҳои шаҳр – аз 120 то 200 сомонӣ

Барои як моҳ

Якҳуҷрагӣ  аз 1500 то 8000 сомонӣ

Дар марказ ва наздикиҳои марказ – аз 3000 то 8000 сомонӣ

Канораҳо – аз 1500 то 3000 сомонӣ

Баъзан эълонҳоеро ҳам дидан мумкин аст, ки нархи баландтар пешниҳод мешавад.

Дуҳуҷрагӣ аз 2 000 то 15 000

Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 5000 то 15000

Канораҳо – аз 2000 то 3500

Сеҳуҷрагӣ аз 3000 то 20000

Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 8000 то 20000

Канораҳо – аз 3000 то 5000

Чорҳуҷрагӣ аз 3500 то 30000

Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 8000 то 30000

Канораҳо – аз 3000 то 6000

Панҷҳуҷрагӣ ва зиёдтар аз 3500 то 33000

Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 10000 то 33000

Канораҳо – аз 3500 то 8000

Озмоиш

Мо тасмим гирифтем, ки дар ин маврид озмоиш гузаронида, ба эълонҳо занг занем ва арзиши хонаҳои иҷора, инчунин фарқияти нархи он ба сокинони ҷумҳурӣ ва шахсони аз хориҷи кишвар омадаро бифаҳмем.

Натиҷаи ҳосилшуда аз озмоишро дар навори видеоии мо тамошо кунед:

Шахсони аз хориҷи кишвар омада пардохти шабонарӯзиро афзал медонанд

Яке аз риелторҳо хабар дод, ки аксарияти афроди аз Русия омада пардохти маблағи иҷораро барои як шабонарӯз ё барои як кас дар як моҳ афзал медонанд.

“Масалан, 4-5 нафар бо соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ ё дуҳуҷрагӣ гапзанон карда, ҳар кадоме барои худ 100 ё 200 доллар маблағи иҷора пардохт мекунад. Онҳо маъмулан хонаҳоеро интихоб мекунанд, ки дар он ҷо интернеташ хуб кор кунад”, – гуфт вай.

Маҳз бо сабаби интернети хуб нархи иҷораи хона дар маркази шаҳр боло рафта, дар гирду атроф ва канораҳои пойтахт болоравии нарх на он қадр ба мушоҳида мерасад. Масалан дар маҳаллаи Гипрозем фарқияти нарх дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта 10-20 долларро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва торнамои somon.tj акнун бо эълонҳое ҳам дар бораи иҷораи хона вохӯрдан мумкин аст, ки дар онҳо “танҳо барои хориҷиён” бо нархи баландшуда зикр мешаванд.

Ҳамчунин ВАО-и Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ аз 30% болоравии нархи иҷораи хона дар ин кишварҳо хабар медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.