Низоми гармидиҳӣ дар Душанбе аз кадом ҳисоб таъмир мешавад?

Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ оғоз шуд. Имсол 2 ҳазору 762 иншоот бо гармӣ таъмин карда мешаванд: 2 ҳазору 211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактаб ва кӯдакистон, 315 корхона ва ташкилот. Ба низоми гармидиҳӣ дар ноҳияи Сино ҳамагӣ 1297 иншоот, дар ноҳияи Шоҳзмансур – 512, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – 510 ва дар ноҳияи […]

Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ оғоз шуд. Имсол 2 ҳазору 762 иншоот бо гармӣ таъмин карда мешаванд: 2 ҳазору 211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактаб ва кӯдакистон, 315 корхона ва ташкилот. Ба низоми гармидиҳӣ дар ноҳияи Сино ҳамагӣ 1297 иншоот, дар ноҳияи Шоҳзмансур – 512, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – 510 ва дар ноҳияи Фирдавсӣ – 443 иншооот пайваст шудаанд.

Дар бораи ба куҷо муроҷиат намудан бо ягон масъала ё арзу шикоят дар ин самт маълумот медиҳем.

Навбатдории шабонарӯзӣ

Дар муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” изҳор доштанд, ки ҳамаи масоили марбут ба омодагӣ ва баргузории мавсими гармидиҳӣ зери назорати бевоситаи раҳбарияти шаҳри Душанбе қарор доранд.

Зикр шуд, ки дар шаҳрдорӣ ва ҳукуматҳои ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ситодҳои доимо амалкунанда фаъолият мекунанд.

“Дар муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” аз ҳисоби раҳбарони корхона ва кормандони масъули воҳидҳои корхона навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Барои таъмини муътадали гармидиҳӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани мугшкилот ва камбудиҳои пайдомешуда аз ҳисоби мутахассисон дар ҳамаи қитаҳои ноҳияҳо бригадаҳои зудамал ташкил шуданд”, – гуфтанд дар муассисаи зикршуда.

Масъулият бар дӯши киҳост?

Мувофиқи қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ, ҳадди масъулияти корхонаи таъминкунандаи гармӣ ва истеъмолгарони энергияи гармӣ муайян карда шудааст.

Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба ҳамаи корҳо дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор), ки маъмулан дар паҳлӯи биноҳои истиқоматӣ ё таҳхонаи он воқеъ аст, масъул мебошад.

Ба ҳолати коммуникатсияҳои муҳандисӣ дар дохили бино, баргузории корҳои таъмир, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили биноҳо худи сокинони биноҳо масъуланд. Моликони манзил уҳдадоранд, ки ҳамаи шабакаҳои дохили биноро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, мукаммалии онро вайрон накунанд ва ба интиқоли гармӣ тариқи шабакаи ягонаи хона монеъа эҷод насозанд.

Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” корҳои таъмиру барқарорсозиро дар шабакаҳои гармии зери масъулияташ босифат ва саривақт анҷом дод.

Ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст?

Ҳамаи арзу шикояти марбут ба вазъияти шабакаҳои гармидиҳӣ то элеватори бинои истиқоматии мушаххас бо телефони хадамоти диспетчерӣ 231-75-01, инчунин бо рақамҳои телефонҳои 93 201 61 27, 93 300 15 24 (шабонарӯзӣ) қабул карда мешаванд.

“Ҳангоми пайдо шудани ягон мушкилӣ сокинони биноҳои истиқоматӣ ба Раёсати истифодабарии манзил (ЖЭУ)-и маҳалли зисти худ, ки дар он ҷо мутахассисон ҳастанд, инчунин бо пардохти пул ба дигар устоҳо муроҷиат карда метавонанд. Нархи хидматрасонии онҳо ба ҳаҷми кор, хароҷоти масолеҳ ва ғайра вобаста буда, ин масъаларо ҳар кадоме мустақилона ҳал мекунад”, – зикр карданд дар муассиса.

Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” аз шаҳрвандоне, ки бо неруи гармӣ таъмин карда мешаванд, дархост мекунад, ки маблағи истифодаи онро саривақт пардохт намоянд, зеро кори минбаъдаи босифати корхона ба ҳамин вобаста хоҳад буд.

Нархи истифода

Нархи истифодаи энергияи мутамарказӣ гармӣ:

– аҳолӣ: 1,18 сомонӣ барои 1 метри мураббаъ бо назардошти Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ);.

– ташкилоту корхонаҳои буҷетӣ: – 98,67 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ).

– дигар истеъмолгарон: 113,47 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардоти ААИ).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.