Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Бразилияро табрик кард

Дирӯз, 31 октябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон  ба Луис Инасиу Лула да Силва, Президенти тозаинтихоби Бразилия  барқияи табрикӣ ирсол намуд. "Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Бразилия сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам",-зикр мешавад дар барқия. Дар идома гуфта мешавад, ки Тоҷикистон алоқаманди таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ […]

Дирӯз, 31 октябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон  ба Луис Инасиу Лула да Силва, Президенти тозаинтихоби Бразилия  барқияи табрикӣ ирсол намуд.

"Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Бразилия сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам",-зикр мешавад дар барқия.

Дар идома гуфта мешавад, ки Тоҷикистон алоқаманди таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Бразилия дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

"Итминон дорам, ки робитаҳои созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳар ду ҷониб дар оянда низ идома ёфта, рушд хоҳанд намуд",- омадааст дар поёни барқия.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.