Ифтитоҳи мактабу майдони парчам дар Қубодиён. Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

Имрӯз, 1-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти нав, шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо мардум ба вилояти Хатлон сафар кард. Сафари кории президент аз ноҳияи Қубодиён оғоз гардид. Дар ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон нахуст Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-ро ифтитоҳ намуда, барои бунёди […]

Asia-Plus

Имрӯз, 1-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти нав, шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо мардум ба вилояти Хатлон сафар кард.

Сафари кории президент аз ноҳияи Қубодиён оғоз гардид. Дар ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон нахуст Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-ро ифтитоҳ намуда, барои бунёди муассисаи томактабӣ санги асос гузошт.

Баъдан президенти кишвар аз ҷараёни дарави шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.

Дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Сафари кории президен ба вилояти Хатлон ҳоло идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.