Барои духтари тоҷики аз сӯхтор дар Екатеринбург осебдида 52 ҳазор рубл ҷамъоварӣ шуд

Барои табаобати Шаҳнозаи 10-сола, ки бар асари сӯхтор 50%-и ҷисмаш аз сӯхтаҳо осеб дид, 52 ҳазор рубл кумак ҷамъоварӣ шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия Зафар Сайидзода хабар дод. Кумак аз ҷониби чор масҷиди шаҳрҳои Екатеринбург ва Арамил, инчунин аз ҳисоби интиқоли маблағҳои шаҳрвандони хайрхоҳ пас аз нашри […]

Барои табаобати Шаҳнозаи 10-сола, ки бар асари сӯхтор 50%-и ҷисмаш аз сӯхтаҳо осеб дид, 52 ҳазор рубл кумак ҷамъоварӣ шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия Зафар Сайидзода хабар дод.

Кумак аз ҷониби чор масҷиди шаҳрҳои Екатеринбург ва Арамил, инчунин аз ҳисоби интиқоли маблағҳои шаҳрвандони хайрхоҳ пас аз нашри эълон дар ин бора расонида шуд.

“Ҷараёни расонидани кумаки хайрия ба ҳамватанамон Аминбек Наврӯзов, ки дар ҳолати душвор қарор дорад, идома хоҳад ёфт”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Шаҳноза, духтари шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон Аминбек Наврӯзов ду моҳ инҷониб бар асари захмҳои сӯхта дар ҷисмаш бар асари сӯхтор дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарист. Сӯхтор рӯзи 21 сенитябр дар як хонае дар ноҳия Белояровои вилояти Свердловск ба амал омад.

Сайидзода мегӯяд, чанде аз аъзои ҷамъияти маҳалии тоҷикон – зодагони Кӯҳистони Мастчоҳ, ки Аминбек низ зодаи ҳамин ҷо мебошад, ӯро дастгирӣ намуданд. Онҳо ба ӯ 50 ҳазор рубл кумак супурданд.

Дар робита ба вазъи солимии Шаҳноза, консули генералӣ изҳор намуд, ки ӯ ҳоло ҳам дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.

“Баъзе аломатҳои беҳбудӣ ҳастанд, дастонаш ҳаракат мекунанд. Аз дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ берун гирифта шуд, лекин ҳарораташ баланд мешавад. Алҳол дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарист”, – гуфт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки намояндагони ҷамъияти маҳаллии тоҷикон, аз ҷумла табибони касбӣ бо духтурони русиягӣ доимо оид ба масъалаи табобати духтарча дар тамосанд. Шуш ва роҳҳои нафаскашии духтарча сахт осеб дидаанд.

Ёдрас мекунем, ки сӯхтор дар хоҷагии гармхонаҳо шабона сар зад. Дар ин хона молики ферма ва 11 коргар зиндагӣ мекарданд, ки барои мағозаҳо кабудӣ парвариш мекарданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо ба амал омадааст.

Бар асари ин сӯхтор ду зодаи Ӯзбекистон – як мард ва як духтар ҳалок шуданд. Се тан аз зодагони Тоҷикистон, ки миёнашон Шаҳноза ҳам буд, ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ду фарзанди дигари Аминбек низ аз ин сӯхтор осеб дида, лекин захмҳои онҳо нисбатан сабуктар буданд. Баъди рухсатӣ аз беморхона онҳо ҳамроҳи модарашон бо дастгирии консулгарӣ ба ватан фиристода шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.