Зафаробод: Мард зану фарзандашро ба қатл расонида, ҷасадҳоро оташ задааст

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд марди 36-сола зан ва фарзандашро ба қатл расонида, пас аз он ҷасадҳоро оташ задааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса 28-уми ноябр дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рух додаааст. Акбар Шарифӣ ҷузъиёти ҳодиса ва ному насаби […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд марди 36-сола зан ва фарзандашро ба қатл расонида, пас аз он ҷасадҳоро оташ задааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса 28-уми ноябр дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рух додаааст.

Акбар Шарифӣ ҷузъиёти ҳодиса ва ному насаби онҳоро барои халалдор накардани раванди тафтишот ба мо ироа накард, танҳо гуфт, зани кушташуда 36 сол дошта, писараш ноболиғ буд ва 9 сол дошт.

Айни замон, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд нисбати мард тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (куштор) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишоти он идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.