Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза эҳсос шуд

Сокинони Тоҷикистон субҳи имрӯз заминларзаро эҳсос намуданд. Соати 06:50 дақиқа замин такон хӯрд. Бино ба маълумоти Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар 14 километрии ҷануби Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ будааст. Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар маркази он ба мисли Душанбе 3-4 баллро […]

Asia-Plus

Сокинони Тоҷикистон субҳи имрӯз заминларзаро эҳсос намуданд. Соати 06:50 дақиқа замин такон хӯрд.

Бино ба маълумоти Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар 14 километрии ҷануби Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ будааст.

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар маркази он ба мисли Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст. Дар бораи талафоти ҷониву харобиҳо маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Маркази мониторинги сейсмикии КҲФ Ӯзбекистон ҳамчунин дар бораи заминҷунбӣ дар ҳамин вақт хабар медиҳад. Аммо тибқи маълумоти ин манбаъ, маркази заминларза дар қаламрави Афғонистон дар умқи 15 км воқеъ буда, қувваи заминларза дар марказ 4 балл будааст.

Дар ҳамин ҳол, зилзилашиносони Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки соати 07:05 дақиқа замин боз каме такон хӯрд (афтершок). Марказаш низ қариб дар ҳамон ҷо воқеъ буда, лекин умқи он 209 км-ро ташкил додааст.

Қаблан, рӯзи 8 декабр дар қаламрави ВМКБ-и Тоҷикистон ҳодисаи заминларза сабт шуд. Марказаш ноҳияи Шуғнон каме дуртар аз деҳаҳои Барсем ва Колхозобод арёбӣ шуд.

Қувваи ин заминларза 4 баллро ташкил дода, умқи дар масофаи 180 км қарор доштааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.