Русия, Эрон ва Беларус – ҳарифони футболбозони навраси тоҷик дар “Ҷоми рушд-2023”

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» ширкат хоҳад кард. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар «Ҷоми Рушд-2023», ки аз 5 то 11 феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ҳашт даста ширкат мекунад. Гуфта мешавад, дастаи Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» […]

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» ширкат хоҳад кард.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар «Ҷоми Рушд-2023», ки аз 5 то 11 феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ҳашт даста ширкат мекунад.

Гуфта мешавад, дастаи Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) нерӯ месанҷад. Дар чаҳоргонаи «А» дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-17) ва Русия (U-16) бозӣ мекунанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила рақобат менамоянд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат дар «Ҷоми Рушд-2023» дар Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имсол дар Тайланд баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.