“Амонатбонк” бо 10% ба киҳо қарз медиҳад?

Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” ба соҳибкорони хурду миёна дар бахши кишоварзӣ, инчунин соҳибкороне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштаанд, қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунад. Тавре ки дар сомонаи бонк хабар дода мешавад, қарзҳои имтиёзнок ба хотири беҳбуди сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва мусоидат ба рушди бахши кишоварзӣ дода мешаванд. Ин чӣ гуна қарз […]

Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” ба соҳибкорони хурду миёна дар бахши кишоварзӣ, инчунин соҳибкороне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштаанд, қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунад.

Тавре ки дар сомонаи бонк хабар дода мешавад, қарзҳои имтиёзнок ба хотири беҳбуди сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва мусоидат ба рушди бахши кишоварзӣ дода мешаванд.

Ин чӣ гуна қарз аст?

Маблағи қарз – то 100 ҳазор сомонӣ;

Асъори қарз: танҳо бо пули миллии сомонӣ (TJS)

Муҳлати қарз -то 36 моҳ

Меъёри фоизи солона – 10%.

Қарз бо кадом мақсад дода мешавад?

Маҳсулоти нави қарзии “Амонатбонк” “Кишоварз” ном дорад. Қарзҳо барои дастгирии зироаткорӣ, харидории тухмӣ, нуриҳои минералӣ, обёрии замини кишт, коркарди замин, боғпарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбӯрпарварӣ ва дигар мақсадҳои соҳаи кишоварзӣ пешниҳод мешаванд.

Барои гирифтани қарз мувофиқи талаботи маъмулии бонк (шиноснома, РМА, маълумотномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо) ҳуҷҷатҳо пешниҳод намудан лозим аст.

Барои дастрас намудани қарз инчунин гарави амволи манқул ва ғайриманқул талаб карда мешавад.

Муҳлати имтиёзнок барои пардохти қарзи асосӣ то 6 моҳ муқаррар шудааст. Яъне барои имтиёз доштан шумо бояд мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи қарзи бонк дар муддати ним сол қарзи асосиро пардохт намоед.

Ғайр аз ин, барои шаҳрвандон маҳдудияти синнусоли низ муқаррар шуда, он ба шаҳрвандони аз 18 то 65-сола пешниҳод карда мешавад.

Соли гузашта мизоҷони ин бонк дар ҳаҷми аз 3 то 500 ҳазор сомонӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ ба муҳлати аз 6 то 36 моҳ бо меъёри фоизи солонаи 18% бо пули миллӣ ва 8% – бо доллари ИМА қарзи имтиёзнок гирифта метавонистанд.

… Дар ҳамин ҳол, “Азия-Плюс” ба дигари бонкҳо ҳам муроҷиат кард, то ки аз меъёрҳои фоизи қарзҳо барои кишоварзон маълумот дастрас кунад.

Маълум шуд, ки меъёри фоизи солонаи қарзҳои онҳо ба ҳисоби миёна 24-32% ё зиёдтар аз инро ташкил медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.