Дар Фарғона як зани ҳомиладор худро дар дохили мошин оташ зад

Шоми рӯзи 24 январ дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон як зани ҳомиладор ҳангоми муноқиша бо шавҳараш дар дохили автомашинаи Matiz худро оташ зад. Тавре ки ба UzNews.uz сухангӯи Прокуратураи генералӣ хабар додааст, байни зану шавҳар, ки тибқи шариат никоҳ доштаанд, вақти аз таваллудхона баргаштан муноқишаи лафзӣ ба миён омадааст. Вақте ки дар назди варзишгоҳи “Нефтчӣ” мошини […]

Шоми рӯзи 24 январ дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон як зани ҳомиладор ҳангоми муноқиша бо шавҳараш дар дохили автомашинаи Matiz худро оташ зад. Тавре ки ба UzNews.uz сухангӯи Прокуратураи генералӣ хабар додааст, байни зану шавҳар, ки тибқи шариат никоҳ доштаанд, вақти аз таваллудхона баргаштан муноқишаи лафзӣ ба миён омадааст.

Вақте ки дар назди варзишгоҳи “Нефтчӣ” мошини онҳо таваққуф мекунад, зан аз зарф (баклажка) ба сару тани худ ва шавҳараш бензин мерезад. Мард тарсида, аз мошин худро берун мегирад, зан бошад, бо оташафрӯз (зажигалка) худро оташ мезанад.

Дар натиҷа зани ҳомиладор ҳалок мешавад.

Кормандони хадамоти оташнишонии ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда оташро хомӯш карда, табибони мошин ёрии таъҷилӣ талош варзидаанд, ки кӯдаки навзоди писари занро наҷот диҳанд, лекин ӯ дар бемористон фавтидааст.

Мақомоти прокуратураи Фарғона нисбати мард мутобиқи моддаи “то худкушӣ расонидан” парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.