“Антифриз”-и пастсифат. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бархе соҳибкорон дар сардиҳои зимистон “антифриз”-и пастсифатро ба фурӯш гузоштаанд, ки онро “Тоҷикстандарт" ошкор кардааст. Дар ин хусус Темурҷон Абдулваҳобзода, сардори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли равон кормандони Агентӣ 310 литр “антифриз”-ро ошкор кардаанд, ки ҳамчун маҳсулоти […]

Бархе соҳибкорон дар сардиҳои зимистон “антифриз”-и пастсифатро ба фурӯш гузоштаанд, ки онро “Тоҷикстандарт" ошкор кардааст. Дар ин хусус Темурҷон Абдулваҳобзода, сардори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли равон кормандони Агентӣ 310 литр “антифриз”-ро ошкор кардаанд, ки ҳамчун маҳсулоти дорои тамғаи баландтар фурӯхта мешуд, аммо дар асл он пастсифат будааст. Соли гузашта то замони ҷорӣ шудани мораторий ба санҷиши соҳибкорон 485 литр “антифриз”-и пастсифат ошкор карда шуда буд.

“Ҳанӯз ҳам соҳибкороне ҳастанд, ки маҳсулоти мавриди таваҷҷӯҳро қалбакӣ карда, маҳсулоте истеҳсол мекунанд, ки шаклаш ба ҳам монанд аст, вале ба сифат ва таркиби он аҳамият намедиҳад. Тадбирҳои эҳтиётӣ ва санҷишҳои лабораторӣ нишон доданд, ки дар баъзеи онҳо ба ҷуз об ва моддаи рангкунанда чизе нест. Дар ҳоле ки антифриз танҳо аз об, спиртҳои дуатомаи этиленгликол ва моддаҳои рангкунанда иборат аст",- гуфт ӯ.

Сардори “Тоҷикстандарт” ёдовар шуд, ки истифодаи ин моеъҳо дар фасли зимистон ба мошинҳо осеб мерасонад.

Дар робита ба ин, Агентӣ ҳушдор медиҳад: ҳангоми харидани ин маҳсулот шумо бояд аз фурӯшанда сертификати мутобиқатро пурсед.

Ба иттилои “Тоҷикстандарт”, дар натиҷаи санҷиши намунаҳои маводи сӯзишворӣ, ки вориди Тоҷикистон мешаванд, ҳолатҳои фурӯши сӯзишворӣ бо тамғаи дигар низ ошкор шудааст, ҳарчанд дар асл ин маҳсулот ба сифати эълоншуда ҷавобгӯ набуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.