Пешсафони коррупсия дар Тоҷикистон: Вазорати маориф – байни мақомот ва Ҳисор – байни шаҳру навоҳӣ

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода мақомот ва шаҳрҳои аз ҳама бештар ба коррупсия дастдоштаро номбар кард. Дар нишасти матбуотии имрӯз, 17 феврал ӯ хабар дод, ки соли гузашта дар ҷараёни санҷишҳои Агентӣ 2 ҳазору 155 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор шудаанд, ки 918-тоашон ҷиноятҳои вазнин мебошанд. “Маблағи умумии […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода мақомот ва шаҳрҳои аз ҳама бештар ба коррупсия дастдоштаро номбар кард.

Дар нишасти матбуотии имрӯз, 17 феврал ӯ хабар дод, ки соли гузашта дар ҷараёни санҷишҳои Агентӣ 2 ҳазору 155 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор шудаанд, ки 918-тоашон ҷиноятҳои вазнин мебошанд.

“Маблағи умумии зиёни ошкоршуда 247 млн сомониро ташкил дода, ҳамаи он ба нафъи давлат барқарор карда шуд”, – иброз дошт Султонзода.

Ба гуфтаи ӯ, қонуншиканиҳои аз ҳама назаррас дар сохторҳои Вазорати маориф ва илм (беш аз 30 млн сомонӣ), ТАЛКО (“Ширкати алюминии тоҷик”, 28 млн сомонӣ), Агентии захираҳои давлатии моддӣ (зиёда аз 15 млн сомонӣ) ошкор шудааст.

Ҳамчунин миёни мақомту муассиса ва ташкилотҳо қонуншиканиҳои нисбатан зиёди коррупсионӣ дар фурудгоҳи Кӯлоб, ширкати “Барқи тоҷик”, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, “Амонатбонк” ва ғайра ошкор шудааст.

Султонзода зикр кард, ки дар натиҷаи санҷиши 19 лоиҳаи сармоягузорӣ ба мабағи 8,6 млн сомонӣ зарар ошкор ва барқарор карда шуд.

Аз ин миқдор 3,5 млн сомонӣ ба Маркази идораи лоиҳаи рушди зерсохтори маъмурӣ (коммуналӣ)-и Хоҷагии манзилию коммуналӣ,

Ва боз 1,6 млн сомонӣ – ба Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои соҳаи электроэнергетика” рост меояд.

“Дар ҷараёни санҷишҳои иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ дар ҳаҷми 62,4 млн сомони зиён ошкор шуда, 60,4 млн сомонии он барқарор шуд”, – гуфт Султонзода.

Ба сегонаи фасодзадатарин шаҳру навоҳӣ инҳо дохил шуданд:

Ҳисор (зарар – 5,8 млн сомонӣ

Хуҷанд (5,7 млн сомонӣ)

Ёвон (4,5 млн сомонӣ)

Дар идома Зафаробод (4,2 млн), Конибодом (3,5 млн) ва ноҳияи Рӯдакӣ (3,4 млн) қарор доранд.

“Сарфи назар аз мавҷуд будани хидматрасониҳои электронӣ ва ғайринақдӣ, то ҳол шахсони масъул дар соҳаҳои буҷетӣ бо истифода аз беназоратии роҳбарон пешниҳоди хидматрасониҳоро дар маҳалҳо бо пули нақд афзалтар дониста, ба ин васила, маблағҳои давлатиро азхуд мекунанд”, – зикр кард Султонзода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.