Путин, Жапаров, Мирзиёев ва Лукашенко дар робита ба тармафуроӣ дар ВМКБ изҳори тасаллӣ карданд

Дар робита ба офати табиӣ ва фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон Владимир Путин, президенти Русия, Садир Жапаров, президенти Қирғизистон, Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ва Александр Лукашенко, президенти Беларус ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон номаи изҳори тасаллӣ фиристодаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Владимир Путин аз оқибатҳои […]

Asia-Plus

Дар робита ба офати табиӣ ва фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон Владимир Путин, президенти Русия, Садир Жапаров, президенти Қирғизистон, Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ва Александр Лукашенко, президенти Беларус ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон номаи изҳори тасаллӣ фиристодаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Владимир Путин аз оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар ВМКБ изҳорӣ таслият баён карда, ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ҳамдардии амиқи маро ба наздикону пайвандони нафарони бар асари офати табиӣ халокшуда, ҳамчунин таманниёти шифои оҷилро ба ҳамаи осебдидагон расонед”.

Садир Жапаров, президенти Қирғизистон, ҳам дар ин робита ба Эмомалӣ Раҳмон номаи изҳори тасаллӣ фиристода, гуфтааст, “хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи ВМКБ боиси андӯҳи ин ҷониб гардид”.

“Аз номи худ ва тамоми мардуми Қирғизистон ба аҳли оила ва наздикони ҳалокшудагон таъзия ва ҳамдардии моро мерасонам. Барои ҳамаи осебдидагон аз даргоҳи Худованд шифои оҷил хоҳонам”, – омадааст дар номаи Жапаров.

Дар ҳамин ҳол, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар робита ба офати табиӣ ва фаромадани тарма дар ВМКБ бо Эмомалӣ Раҳмон тамоси телефонӣ анҷом дода, таъзия ва таслияти ҷониби Ӯзбекистонро расонидааст.

Дар барқияи президенти Беларус  Александр Лукашенко зикр мешавад, ки хабари талафоти инсонӣ ва харобиҳо дар Беларус бо нигаронӣ ва ҳамдардӣ пазируфта шуд.

«Аз номи мардуми белорус ва шахсан аз номи худам ба шумо ва наздикони ҳалокшудагон тасаллияти амиқ баён мекунам», – гуфтааст ӯ.

Лукашенко изҳори умедворӣ намудааст, ки паёмадҳои офати табиӣ ҳарчи зудтар бартараф шуда, минтақа ва аҳолии осебдида ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бар асари тармаи дар Хоруғ фаромада, тибқи маълумоти ахир, 16 нафар ҳалок шуда, 12 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Барои наҷоти осебдидагон натанҳо наҷотдиҳандагони касбӣ, балки ризокорон (волонтёрҳо) ва ихтиёриён низ ҷалб шуданд. Онҳо аз ҷараёни амалиёти наҷотдиҳӣ нақл карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.