Бахшида ба ҷашни Наврӯз Сирки давлатӣ намоиши идона омода кард

Ба муносибати ҷашни Наврӯз Сирки давлатии Тоҷикистон барои сокинон ва меҳмонони пойтахт барномаи идона омода кард. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Сирки давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд, барномаи фароғатӣ аз 21 то 27 март намоиш дода мешавад. Нархи билетҳо вобаста ба қатору ҷойи нишаст аз 20 то 35 сомониро ташкил медиҳад. Оғози намоишҳо соати 15:00 муқаррар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ба муносибати ҷашни Наврӯз Сирки давлатии Тоҷикистон барои сокинон ва меҳмонони пойтахт барномаи идона омода кард.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Сирки давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд, барномаи фароғатӣ аз 21 то 27 март намоиш дода мешавад.

Нархи билетҳо вобаста ба қатору ҷойи нишаст аз 20 то 35 сомониро ташкил медиҳад. Оғози намоишҳо соати 15:00 муқаррар шудааст.

Дар барнома гимнастҳову дорбозон, ҳайвоноти ромшуда ва масхарабозон табъи тамошобинонро болида мегардонанд. Ғайр аз ин, тамошобинон низ дар озмуну викторинаҳо иштирок карда, соҳиби туҳфаҳо шуда метавонанд.

Билетҳо аллакай дар кассаҳои сирк ба фурӯш бароварда шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.