Дар зарфи 2 моҳ Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ 6,8 млн доллар даромад гирифт

Дар зарфи 2 моҳи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 6,8 млн доллар неруи барқ интиқол дода шуд, ки қариб 32% (1,6 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад, хабар медиҳад Агентии омор. Аммо ҳаҷми интиқол дар моҳи феврал нисбат ба моҳи пешин қариб 42% кам шуд – аз […]

Дар зарфи 2 моҳи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 6,8 млн доллар неруи барқ интиқол дода шуд, ки қариб 32% (1,6 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад, хабар медиҳад Агентии омор.

Аммо ҳаҷми интиқол дар моҳи феврал нисбат ба моҳи пешин қариб 42% кам шуд – аз 4,3 млн доллар дар моҳи январ то 2,5 млн доллар дар моҳи феврал.

Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, соли 2022 аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 106 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст, ки 10,6% зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон (муддати тамоми сол) ва дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-август) – ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт (моҳҳои май-апрел) барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар – то 40 МВт кам карда мешавад.

Аммо имсол ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон дар фасли зимистон низ неруи барқ интиқол дода шуд.

Моҳи январи соли равон хадамоти матбуоти “Шабакаҳои барқии минтақавӣ”-и вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон хабар дод, ки дар шароити сармои шадид барои таъмини мунтазами аҳолӣ ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ бо барқ, “интиқоли иловагии барқ” аз кишвари ҳамсояи Тоҷикистон оғоз гардид.

Раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” инро ба омода кардани низоми энергетикии Тоҷикистон барои ҳамроҳшавӣ ба Низоми муттаҳидаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ маънидод кард.

Дар ҳамин ҳол, ба сокинони деҳоти Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози мавсими тирамоҳу зимистон ба таври маҳдуд барқ интиқол дода мешавад.

Ширкати “Барқи тоҷик” муддати зиёд ҷорӣ шудани маҳдудиятро инкор мекард, лекин охири моҳи январ дар бораи аз 1 феврал ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ бар асари норасии захираҳои обиву энергетикӣ хабар дод. Маҳдудият танҳо ба шаҳрҳои нисбатан бузурги ҷумҳурӣ дахл надошт.

Айни замон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимит қисман бекор шудааст, ҳарчанд аз ҷониби сохторҳои дахлдор расман дар ин бора эълон садо надодааст.

Тавре ки аз шабакаҳои барқи минтақавии вилоятҳои Хатлон ва Суғд хабар доданд, айни замон дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд реҷаи маҳдуди истифодаи барқ вуҷуд надошта, барқ ба истеъмолгарон шабонарӯзӣ интиқол дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.