Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Самарқанд оид ба Афғонистон ширкат мекунад

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар се нишасти Самарқанд, ки дуи он ба вазъи Афғонистон бахшида мешавад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора аз ВКХ ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Гуфта мешавад, ки ин нишастҳо ду рӯз, 13 ва 14-уми апрел баргузор мешавад ва Сироҷиддин Муҳриддин нигоҳи Тоҷикистонро вобаста ба мавзӯъҳои баррасишаванда ироа […]

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар се нишасти Самарқанд, ки дуи он ба вазъи Афғонистон бахшида мешавад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора аз ВКХ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ин нишастҳо ду рӯз, 13 ва 14-уми апрел баргузор мешавад ва Сироҷиддин Муҳриддин нигоҳи Тоҷикистонро вобаста ба мавзӯъҳои баррасишаванда ироа мекунад.

“Дар шаҳри Самарқанд се нишаст дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар назар аст. Вохӯрии вазирони кишварҳои ОМ ва Русия, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ва нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояи Афғонистон. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ин нишастҳо иштирок ва суханронӣ мекунад”, – гуфтанд аз ВКХ

Яке аз ин чорабиниҳо, нишасти чаҳоруми вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки 13-уми апрел баргузор мешавад.

Интизор меравад, дар нишаст, вазъи ҷории Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба мардуми ин кишвар барои рафъи мушкилоту чолишҳои ҷиддӣ баҳс шавад.

Ин нишасти чаҳоруми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсои Афғонистон мебошад, ки ба вазъи кунунии Афғонистон бахшида мешавад. Моҳи сентябри соли 2021 Покистон мизбони нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон буд.

Мулоқоти дуввум бо иловаи Русия моҳи октябри соли гузашта дар Теҳрон баргузор шуда буд, ки дар кори он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ширкат намуд.

Ӯ гуфта буд, ки Тоҷикистон ҳукумати ба таври зӯрӣ ва бидуни ризоияти мардум ба қудрат омадаро дар Афғонистон ба расмият намешиносад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти Афғонистон талош кунанд.

Рӯзи 31-уми март нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин, ки меҳвари он ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон аст, баргузор гардида буд, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Музаффар Ашуриён  роҳбарӣ мекард.

Дар нишаст таъкид шуда буд, ки Тоҷикистон имконоти логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро барои интиқоли борҳои башардӯстона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба Афғонистон фароҳам оварда, илова бар ин, интиқоли нерӯи барқро ба ин кишвар идома медиҳад.

Дар поёни ҷаласа, Изҳороти муштарак қабул гардида буд, ки дар баробари пешниҳодҳои дигари Тоҷикистон, ташаббуси раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон сабт шудааст.

Нишасти имсолаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия мулоқоти шашум аст.

Маълум нест, ки дар ин нишастҳо намояндагони Толибон* ҳам даъват шудаанд ё не.

Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон танҳо кишварест, ҳеҷ гуна тамосе то кунун бо Толибон* надоштааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.