Даҳаи дуюми моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Дар даҳаи дуюми моҳи апрел ҳарорат дар Душанбе ва баъзе минтақаҳои кишвар боло меравад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Танҳо имрӯз, 11 апрел борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Аз 12 то 15 апрел ҳавои хушку гарм ва абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Дар пойтахт ҳарорат шабона 13-16 ва рӯзона то 32 дараҷа гарм мешавад. Танҳо минтақаи […]

Дар даҳаи дуюми моҳи апрел ҳарорат дар Душанбе ва баъзе минтақаҳои кишвар боло меравад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Танҳо имрӯз, 11 апрел борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Аз 12 то 15 апрел ҳавои хушку гарм ва абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Дар пойтахт ҳарорат шабона 13-16 ва рӯзона то 32 дараҷа гарм мешавад.

Танҳо минтақаи ғарби ВМКБ истисно буда, шабона ҳавои аз 0 то 11 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои мисли Душанбе дар назар аст.

Дар Хуҷанд низ ҳаво хушку гарм шуда, лекин рӯзи 15 апрел борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Дар ин рӯз дар тамоми қаламрави вилояти Суғд обуҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон то охири ҳафта боридани борон дар назар нест.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, миқдори боришоти атмосферӣ дар моҳи апрел дар ҳудуди меъёр хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, ёдрас мекунем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ чанде пеш огоҳ кард, ки дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ эҳтимоли селфароиҳо вуҷуд дорад.

Имрӯзу пагоҳ омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Ғайр аз ин, рӯзҳои наздик дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) ва рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, хатари боло рафтани сатҳи об дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.