Тутзор – тиҷорат барои 500 сол. Ҳисоб кардем, ки чӣ қадар метавон аз он пул кор кард

Мутахассисон маслиҳат медиҳанд: агар дар соҳаи парвариши тут тиҷорат роҳандозӣ кунед, дар оянда набераву абераҳо ва гузаштагонатон низ аз он баҳра бурда метавонанд. Зеро дарахтони тут ба ҳисоби миёна 300-500 сол умр мебинанд ва дарахти машҳури Тути Калони Хуҷанд зиёда аз 1000-сола аст. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои таҳкими заминаи ғизоии кирмак майдони тутзорҳоро […]

Мутахассисон маслиҳат медиҳанд: агар дар соҳаи парвариши тут тиҷорат роҳандозӣ кунед, дар оянда набераву абераҳо ва гузаштагонатон низ аз он баҳра бурда метавонанд. Зеро дарахтони тут ба ҳисоби миёна 300-500 сол умр мебинанд ва дарахти машҳури Тути Калони Хуҷанд зиёда аз 1000-сола аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои таҳкими заминаи ғизоии кирмак майдони тутзорҳоро аз ҳисоби бахши хусусӣ васеъ намояд.

Аммо деҳқонон барои ин маблғг надоранд, кумакпулӣ ҳам дода намешавад. Тибқи нақшаҳои ҳукумат, дар давоми 4 соли оянда бояд дар вилоятҳои Суғду Хатлон 2 млн ва дар ВМКБ 300 ҳазор бех ниҳоли тут шинонда шаванд.

Тутзорҳо куҷо шуданд?

Парваришу бунёди тутзорҳо маблағи зиёдеро талаб мекунад ва аксари хочагиҳо барои ин кор имкон доранд. Аз ин рӯ, чун дар дигар кишварҳо ин соҳа ба дастгирии давлат дар шакли кумакпулиҳо ниёз дорад.

Масалан, аз соли ҷорӣ кишоварзони Ӯзбекистон метавонанд бо ҷорӣ кардани низоми обёрии қатрагӣ барои ҳар гектари навбунёди тут ба маблағи то 8 млн сӯм (беш аз 7,6 ҳазор доллар) кумаки молиявӣ гиранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, майдони умумии тутзор дар Тоҷикистон ҳудуди 5,5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон тайи 30 соли охир истеҳсоли пилла қариб 12 баробар кам шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар Тоҷикистон 4 ҳазору 528 тонна пилла истеҳсол шуда буд.

Дар зарфи 30 соли охир дар Точикистон истехсоли пиллаи кирмак кариб 12 баробар кам шуд. Тибқи омор, соли 1991 дар Тоҷикистон 4528 тонна пилла истеҳсол шудааст. Ва дар соли 2021 тибқи маълумоти пешакии ҶСК «Пиллаи тоҷик», ҳосил ҳамагӣ 387 тоннаро ташкил додааст.

Мутахассисони “Пиллаи тоҷик” сабаби иҷро нашудани барномаро ба камшавии тутзорҳо марбут медонанд. Бо сабаби беназоратӣ солҳои охир бисьёр дарахтони тут, ки дар гирду атрофи майдонҳо ва қад-қади роҳҳо сабзида буданд, решакан шуданд.

Як қисми тутзори ба дасти шахсони алоҳида гузаштаро решакан карда, ҳамчун ҳезум фурӯхтанд. Мақомоти маҳаллӣ барои бунёди тутзорҳои нав замин ҷудо накардаанд ё қитъаҳое ҷудо шуданд, ки дар онҳо парвариши тут ва гирифтани ҳосили хуб аз он ғайриимкон аст.

Дарахти тут мардумро аз гуруснагӣ наҷот дод

Парвариши дарахти тут одати маъмулии мардуми Тоҷикистон аст, ки тӯли асрҳо аҳолӣ ба он машғул аст.

Ба гуфтаи Нурмаҳмад Камолов, корманди пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, пас аз солҳои 50-уми асри гузашта тут ҳамчун дарахти мевадиҳанда аҳаммияти худро гум кард. Дар баробари рушди кирмакпарварӣ, ба навъҳои саноатии тут, ки барги он барои парвариши кирмак гирифта мешавад, таваҷҷуҳ дода мешуд.

Ба гуфтаи олим, аҳаммияти тут ҳамчун ғизо фаромӯш шудааст.

«Дар солҳои душвор аҳолиро дарахти тут, ки қариб дар ҳар як ҳавлӣ парвариш мешуд, аз гуруснагӣ наҷот дод. Мевааш аз ҳама барвақт пухта мерасид, онро ҳам тару тозаву истеъмол мекарданду ва ҳам зиёдатиаш хушк карда мешуд, ё аз онҳо ширинӣ мепухтанд. Маҳсулоти тут ба сифати доруи зидди бемориҳои гуногун низ истифода мешуд», – мегӯяд Камолов.

Хушбахтона, дар деҳаҳои кӯҳистон дарахтони тут зинда монда, ба мисли қисмати водии кишвар бурида нашуданд.

Дар Тоҷикистон навъҳои нави меваи тут мавҷуд нест. Ҳоло дар пойгоҳи тухмипарварии Файзобод зиёда аз 30 навъи маҳаллӣ нигаҳдорӣ мешавад, вале касе онро ба таври васеъ парвариш намекунад.

Дар ҷумҳурӣ вобаста ба ранги мевааш се гурӯҳи тут — сафед, сиёҳ ва атласӣ мавҷуд аст. Дар навбати худ, ҳар як намуд навъҳои маҳаллӣ дорад. Меваи хуштаъмтарин дар байни тутҳо сафеди бедон (бедона), дар байни меваҳои сиёҳ шоҳтут мавқеи хосро ишғол мекунад. Навъҳое ҳастанд, ки ҳам рангҳои сафеду сурх ва сиёҳ доранд – онҳо атласӣ номида мешаванд.

Тиҷорат барои асрҳо

Дарахтони тут, ки 200-300 сол пеш дар деҳоти кӯҳистон шинонида шуда буданд, ҳанӯз ҳам мева ва барои чанд насли он одамоне, ки ин дарахтонро шинонда буданд, ғизо медиҳанд. Тутҳо муддати дароз зиндагӣ мекунанд, як дарахт метавонад ба ҳисоби миёна 30-50 кг мева диҳад.

Ба гуфтаи Нурмаҳмад Камолов, дар ВМКБ, водиҳои Рашт, Ҳисор, Зарафшон, манотиқи кӯҳистони вилояти Хатлон дарахтони тути кӯҳна то ҳол боқӣ мондаанд ва мардум аз онҳо барои ба даст овардани маҳсулоти гуногун истифода мебаранд.

Бо назардошти он, ки аз 1 гектар тутзор ба ҳисоби миёна то 10 тонна ҳосил гирифта мешавад, имконот ва ҳаҷми истеҳсоли он хеле зиёд аст.

Имрӯз корхонаҳои ВМКБ аз тут маҳсулоти гуногун истехсол мекунанд, ки натанҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам маъруф мебошад.

Ба гуфтаи мутахассисон, парвариши тут ҳам бо мақсади гирифтани барг барои парвариши кирмак ва ҳам барои коркарди меваи он тиҷорати ояндадор аст. Аммо барои ба даст овардани фоидаи аввал камаш 5-6 сол лозим аст.

Бинобар ин, имрӯз ба онҳое, ки тутзор парвариш мекунанду барои он заминҳои обёришаванда лозим нест, дастгирии давлат зарур аст.

«Онҳо дар заминҳои лалмӣ низ хуб сабзидаву парвариш меёбанд, — зикр мекунад мутахассис.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.