Мавқеи 4-уми муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар радабандии ҷаҳонӣ

Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA) чанд рӯз пеш радабандии навшудаи мунтахабҳои бокс ва муштзанҳоро пас аз Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Тошканд нашр кард. Мувофиқи маълумоти IBA, 10 намояндаи Тоҷикистон ба шумори 50 нафар муштзанони беҳтарини сайёра дар вазнҳои худ дохил шуданд. Натиҷаи беҳтаринро байни муштзанони тоҷик дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2023 Баҳодур Усмонов соҳиб шуда, дар вазни […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA) чанд рӯз пеш радабандии навшудаи мунтахабҳои бокс ва муштзанҳоро пас аз Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Тошканд нашр кард.

Мувофиқи маълумоти IBA, 10 намояндаи Тоҷикистон ба шумори 50 нафар муштзанони беҳтарини сайёра дар вазнҳои худ дохил шуданд.

Натиҷаи беҳтаринро байни муштзанони тоҷик дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2023 Баҳодур Усмонов соҳиб шуда, дар вазни то 63,5 кило дар радабандии байнулмилалӣ зинаи 4-умро ишғол мекунад.

Пас аз чемпионати ҷаҳон Баҳодур дар Инстаграми худ ба мухлисонаш чунин муроҷиат кард:

“Зинаи сеюми чемпионати ҷаҳон комёбии бузург аст. Мехоҳам ба шумо итминон диҳам, ки ин ҳоло ҳадди ниҳоии имкониятҳои ман нест, боз хубтар омода мешавам. Иншооллоҳ, дар садри радабандӣ қарор мегирам. Ҳамааш бо хости Худо”.

Дар вазни то 92 кг Давлат Болтаев дар зинаи 12-уми радабандии ҷаҳонӣ қарор дорад. Ӯ ҳамон муштзанест, ки пеш аз қувваозмоии финалӣ дар Чемпионати Осиё-2022 аз марги бародараш огаҳӣ ёфт.

“Ноумед шудам, хеле душвор буд”, – ба хотир меорад варзишгар. Мураббӣ бо ӯ гуфтугӯ кард: “Ту барои медал омадаӣ ва бояд ғалаба кунӣ”.

Давлат ба майдон баромада, пеш аз муҳлат бар рақибаш дастболо шуд.

Зинаи сеюмро байни муштзанони тоҷик Асрор Воҳидов касб мекунад, ки дар вазни то 57 кг қувваозмоӣ мекунад.

Айни замон ӯ дар зинаи 22-юми радабандии ҷаҳонӣ қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввали беҳтарин муштзанони тоҷик инчунин инҳо шомиланд:

Некрӯз Салимов (то 75 кг, зинаи 24-ум дар радабандии ҷаҳонӣ), Муҳаммад Аброриддинов (зиёда аз 92 кг, зинаи 28-ум дар радабандии ҷаҳонӣ), Шаббос Негматуллоев (то 80 кг, зинаи 32-юм дар радабандии ҷаҳонӣ),

Наврӯз Ҷафоев (то 86 кг, зинаи 33-юм дар радабандии ҷаҳонӣ), Парвиз Каримов (то 86 кг, зинаи 41-ум дар радабандии ҷаҳонӣ),

Абдумалик Болтаев (то 75 кг, зинаи 44-ум дар радабандии ҷаҳонӣ), Хусравхон Раҳимов (то 57 кг, зинаи 45-ум дар радабандии ҷаҳонӣ).

Дар радабандии дастаҳои мунтахаби муштзанон байни 150 кишвар Тоҷикистон мақоми 38-умро ишғол мекунад.

Дар зинаи аввал Қазоқистон, мақоми 2-юм – Ӯзбекистон ва ҷойи 3-юм – Русия ҷойгир шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.