Муовини волии Бадахшони Афғонистон кушта шуд

Нисораҳмад Аҳмадӣ, сарпараст ва муовини волии вилояти Бадахшони Афғонистон дирӯз, 6-уми июн, дар пайи як амали интиҳорӣ кушта шуд. Муизуддин Аҳмадӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги вилояти Бадахшон ба телевизиони TOLO news гуфтааст, ки нафари интиҳорӣ бо мошини бомбгузоршуда мошини Нисораҳмад Аҳмадиро ҳадаф қарор додааст. Дар пайи ин амал, инчунин ронандаи муовини волӣ кушта шуда, шаш […]

Нисораҳмад Аҳмадӣ, сарпараст ва муовини волии вилояти Бадахшони Афғонистон дирӯз, 6-уми июн, дар пайи як амали интиҳорӣ кушта шуд.

Муизуддин Аҳмадӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги вилояти Бадахшон ба телевизиони TOLO news гуфтааст, ки нафари интиҳорӣ бо мошини бомбгузоршуда мошини Нисораҳмад Аҳмадиро ҳадаф қарор додааст.

Дар пайи ин амал, инчунин ронандаи муовини волӣ кушта шуда, шаш нафар сокинни осоишта захм бардоштаанд.

Захмиён ва шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки шиддати таркиш ба ҳадде буд, ки бархе аз сохтмонҳои наздики маҳалли рӯйдод низ осеб дидаанд.

Ба навиштаи Спутник Афғонистон масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ* ба зимма гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи куштори мақомдорони Толибон* нест. Моҳи марти соли 2023 Муҳаммад Довуд Музмал, волии вилояти Балх низ дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои ҳукумати вилоят кушта шуда буд.

Толибон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон ваъда дода буд, ки бо гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави кишвар мубориза мебарад ва амнияти саросариро таъмин мекунад, аммо тавре ҳодисаҳои интиҳории ахир нишон медиҳад, мизони амалҳои террористӣ ва куштору сӯиқасдҳо дар Афғонистон ҳамоно дар сатҳи боло қарор дорад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.