Як сокини Душанбе барои майдаавбошӣ 10 шабонарӯз ҳабс гардид

Як сокини шаҳри Душанбе барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба корманди милитсия 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора Раеёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Манбаъ аз ӯ Ҳокимҷон Файзуллоеви 26-сола, истиқоматкунанда шаҳри Душанбе, маҳаллаи Пахтакор ном бурдааст,  ки дирӯз, 15-уми июн дар кӯчаи Неъмат Қарабоев тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон […]

Як сокини шаҳри Душанбе барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба корманди милитсия 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора Раеёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Манбаъ аз ӯ Ҳокимҷон Файзуллоеви 26-сола, истиқоматкунанда шаҳри Душанбе, маҳаллаи Пахтакор ном бурдааст,  ки дирӯз, 15-уми июн дар кӯчаи Неъмат Қарабоев тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, “бо садои баланд доду фарёд намуда, дар баробари ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накардан, ҳамзамон боиси халалдор гаштани оромии шаҳрвандону атрофиён гаштааст”.

Ба иттилои ин ниҳод, номбурда дертар боздошт гардида, бар зиддаш барои майдаавбошӣ (моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудааст.

РВКД дар шаҳри Душанбе гуфт, зимни баррасии парванда “Ҳокимҷон Файзуллоев худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ гунаҳгор шуморида, ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдори зиддиҷамъиятӣ даст назадан, сидқан изҳори пушаймонӣ намуд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.