Саршумори лаклакҳо дар Тоҷикистон 10 баробар зиёд шуд

Раиси Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон Нуралӣ Раҳимов хабар дод, ки дар давраи солҳои 2013-2014 шумори лонаҳои лаклак (лайлак ҳам мегӯянд)-и сафед дар Тоҷикистон 10 баробар зиёд шудааст. Намояндагони Иттиҳод чанде пеш экпедитсия оид ба дақиқ кардани шумори лаклакҳо ва барқарор намудани лонаҳои онҳоро ба итмом расонидаанд. Экспедитсия дар 5 шаҳру навоҳии вилояти […]

Раиси Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон Нуралӣ Раҳимов хабар дод, ки дар давраи солҳои 2013-2014 шумори лонаҳои лаклак (лайлак ҳам мегӯянд)-и сафед дар Тоҷикистон 10 баробар зиёд шудааст.

Намояндагони Иттиҳод чанде пеш экпедитсия оид ба дақиқ кардани шумори лаклакҳо ва барқарор намудани лонаҳои онҳоро ба итмом расонидаанд. Экспедитсия дар 5 шаҳру навоҳии вилояти Суғд – Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов гузаронида шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот дарёфти 65 лона муяссар шудааст, ки дар ҳар кадоме аз онҳо якчанд оилаи лаклакҳои сафед зиндагӣ мекунанд.

“Ин парандаи нодир ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст. Он пештар дар ҷануби Тоҷикистон зиндагӣ карда, тайи даҳсолаи ахир дар шимоли кишвар маскан гирифт. Қаблан бошад, дар ҳамаи қаламрави Тоҷикистон вомехӯрд", – иброз дошт Раҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, маҳз барои ҳифзи ҳаёти лаклакҳо Иттиҳоди ҳифзи табиат аз соли 2014 макони зисти онҳоро меомӯзад.

"Пас аз ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ дар водиҳои Ҳисор ва Вахш, ҷойҳое, ки лайлак сукунат дошт, ин паранда пайдо нашуд. Ва танҳо дар соли 2017 муҳаққиқон дар Исфара 6 лона ва пас аз чанд моҳи дигар дар Ашт 27 лона пайдо карданд”, – гуфт ӯ.

Лайлакхо дар болои дарахту сутунҳои баланд, ки дар саҳро ва канори роҳҳо  ҷойгиранд, лона мегузоранд. Вазни парандагон ба ҳисоби миёна ба 5 кг расида, давомнокии умрашон тақрибан 20 сол аст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Раҳимов, Иттиҳод барои кумак ба созмони ҳифзи муҳити зисти NABU-и Олмон, ки ҳар 5 сол дар саросари ҷаҳон шумораи лайлакҳоро назорат мекунад, муроҷиат кардааст.

“Вақте аз мо хоҳиш карданд, ки дар бораи лайлакҳо дар Тоҷикистон маълумот диҳем, мо низ дар навбати худ барои барқарор кардани сутунҳо кумак хостем, – гуфт Раҳимов. – Баъди гузоштани сутунҳои нав бо кӯмаки фаъолони муҳити зист ба сохтани лонаҳо шурӯъ кардем. Онҳоро бо қамиш ва коҳ ихота кардем, то ки лайлакҳо лонаашонро дар ин ҷо интихоб кунанд”.

Ба гуфтаи Раҳимов, лайлакҳои сафед бисёр вақт бар асари фаъолияти инсон нопадид мешаванд.

"Онҳо марғзорҳои пасту ботлоқзорро дӯст медоранд. Ғизои лаклаки сафед қурбоқа, кафлесак, мор, калтакалос, малах, кирмак ва дигар ҳашарот аст. Лайлакҳо парандаи ҷолибу зебо буда, аксар вақт таваҷҷӯҳи одамонеро, ки онҳоро қапидан мехоҳанд, ба худ ҷалб мекунанд. Аз ноқилҳои барқ ​​низ осеб мебинанд. Ғайр аз ин, лайлакҳо дар рӯзҳои хунук барои пайдо кардани ҷои гарм ба манзили одамон наздик мешаванд.

Ним аср пеш ба лайлакҳо метавонистӣ ҳам дар водии Хисор ва ҳам дар ҷануби Хатлон дучор шуд. Бо фаъолияти иқтисодии инсон, онҳо тадриҷан аз байн рафтанд”, – хулоса кард Раҳимов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.