“Духтарони қадбаланд ба дарс нараванд”. Маҳдудияти нави Толибон барои духтарон

Толибон* бо идомаи маҳдудиятҳои густурда алайҳи духтарон ва занон баргузории дарсҳои таълими ибтидоиро барои духтарон мамнӯъ кардаанд. Бар асоси фармони лафзии ин гурӯҳ, иштироки духтарони аз 10-сола боло дар барномаҳои таълимӣ манъ гардид. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Толибон дар бархе аз вилоятҳо дастур додаанд, ки духтарони то 10-сола, […]

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода

Толибон* бо идомаи маҳдудиятҳои густурда алайҳи духтарон ва занон баргузории дарсҳои таълими ибтидоиро барои духтарон мамнӯъ кардаанд. Бар асоси фармони лафзии ин гурӯҳ, иштироки духтарони аз 10-сола боло дар барномаҳои таълимӣ манъ гардид. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Толибон дар бархе аз вилоятҳо дастур додаанд, ки духтарони то 10-сола, агар қадбаланд бошанд, вурудашон ба марказҳои омӯзишӣ мамнӯъ шавад.

“Ҳамчунин, теъдоде аз омӯзгорони зан дар Кобул таъйид мекунанд, ки гурӯҳи Толибон ба духтарони "қадбаланд" дастур додааст, ки дар хона бимонанд. Ин манобеъ мегӯянд, бар асоси ин амали Толибон духтарони болотар аз синфи сеюм аз ҳаққи таҳсил маҳрум мешаванд”, – иттилоъ додааст рӯзномаи мазкур.

Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз вилояти Ғазнӣ ба рӯзномаи “8 субҳ” гуфтаанд, ки идораи маорифи Толибон дар ин вилоят ба дарсҳои таҳсили ибтидоии духтарон монеъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз духтарони бозмонда аз таҳсил гуфтаанд, ки Толибон бо таҳсил ва ҳуқуқи духтарону занон мушкил доранд. Ба гуфтаи онҳо, барномаи таълимӣ баҳонае барои Толибон беш нест. Яке аз донишҷӯдухтарон, ки ду сол мунтазири боз шудани дарвозаи мактаб аст, таъкид кардааст, “агар барномаи таълимӣ мушкиле дошта бошад, ин барномаи таълимӣ барои писарон низ мушкил дорад. Ин барои мо шубҳанок аст. Чӣ гуна барномаи таълимӣ ғайриисломӣ аст, ки барои писарон мушкилӣ накунад ва духтаронро мушкил гардонад?”

Аммо 712 рӯз мешавад, ки дар Афғонистон дари мактабҳои духтарона баста шудааст. Дар ин давра Толибон далоили мухталиф, аз ҷумла тағйири сарулибоси духтарону омӯзгорон, мушкилоти фарҳангӣ ва тағйири барномаи таълимиро аз далоили аслии баста шудани мактабҳо барои духтарон унвон карданд.

Илова бар ин, теъдоде аз масъулони ин гурӯҳ дар нишастҳои хабарӣ гуфтаанд, ки баста шудани мактабу муассисаҳои таълимӣ ба рӯи духтарону занон мояи баҳси миёни онҳост ва барои ҳалли он вақт лозим аст.

Толибон дар баробари масдуд кардани мактабҳои духтаронаи болотар аз синфи шашум, ба хонандагони синфҳои чаҳорум то шашум дастур додаанд, ки дар роҳ ба мактаб рӯяшонро пӯшанд.

Ҳудуди ду сол мешавад, ки дари мактабҳои духтарона аз ҷониби Толибон баста аст ва сабабҳое, ки ин гурӯҳ дар ин муддат пешниҳод кард, шаҳрвандони Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳониро қаноатманд накардаанд.

Қаблан Созмони Милали Муттаҳид, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои ҳамсоя ва қудратҳои бузурги минтақаӣ шарти ҳамкорӣ ва эътирофи Толибонро эҳтиром ба ҳуқуқи башар, таъмини ҳуқуқи занон ва ташкили ҳукумати фарогир унвон кардаанд. Аммо Толибон дар ду соли ахир ба ҳеҷ яке аз ин дархостҳо посухи мусбат ва қаноатбахш надодаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ