Hungary Masters 2023: Ҷудокорони тоҷик соҳиби ду медали нуқра шуданд

Ҷудокорони тоҷик Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи Hungary Masters-2023 ба медалҳои нуқра соҳиб шуданд, хабар медиҳҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон. Темур Раҳимов қувваозмоиҳоро аз даври дуюм оғоз намуда, бар варзишгари Ҳолланд Йелле Снип дастболо шуд. У дар даври чаҳорякфиналӣ ҳам пирӯз шуда, дар даври нимфиналӣ намояндаи Ҷопон Како Кагерураро мағлуб кард, вале дар қуввваозмоиии […]

Asia-Plus

Ҷудокорони тоҷик Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи Hungary Masters-2023 ба медалҳои нуқра соҳиб шуданд, хабар медиҳҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Темур Раҳимов қувваозмоиҳоро аз даври дуюм оғоз намуда, бар варзишгари Ҳолланд Йелле Снип дастболо шуд. У дар даври чаҳорякфиналӣ ҳам пирӯз шуда, дар даври нимфиналӣ намояндаи Ҷопон Како Кагерураро мағлуб кард, вале дар қуввваозмоиии финалӣ аз варзишгари Финландия Мартти Пуумалайнен шикаст хӯрд ва ба медали нуқраи мусобиқа соҳиб шуд.

Ҷудокор Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) дар рақобати финалӣ аз варзишгари Ҷопон Соичи Хашимото шикаст хӯрда, ӯ низ медали нуқра ба даст овард.

Мусобиқаи Hungary Masters-2023 рӯзҳои 4-6 август дар Будапешт (Маҷористон) баргузор гардида, дар он ҷудокорони 58 кишвар ширкат варзиданд.

Мувофиқи қоидаҳо, дар Hungary Masters-2023 танҳо варзишгароне иштирок карда метавонистанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ зинаи на поинтар аз 36-умро ишғол мекарданд.  

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 варзишгар намояндагӣ карданд:

– дар вазни 60 кг Эмомалии Нуралӣ,

– 66 кг Обид Ҷебов,

– 73 кг Беҳрӯз Хоҷазода,

– 90 кг Комроншоҳ Устопириён,

+ 100 кг Темур Раҳимов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.