Аҳмад Масъуд: “Барои татбиқи демократия ва озодӣ дар паҳлӯи мо бошед”

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар остонаи дусолагии ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯи Толибон* дар ҳамоише аз вазъи кунунии мардуми кишвараш нигаронии шадид карда, бори дигар Толибонро ба поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ маҳкум намудааст. Аҳмад Масъуд рӯзи 15-уми август дар Конфронси байналмилалие оид ба демократия дар Дания аз мушкилоти Афғонистон нақл карда, […]

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар остонаи дусолагии ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯи Толибон* дар ҳамоише аз вазъи кунунии мардуми кишвараш нигаронии шадид карда, бори дигар Толибонро ба поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ маҳкум намудааст.

Аҳмад Масъуд рӯзи 15-уми август дар Конфронси байналмилалие оид ба демократия дар Дания аз мушкилоти Афғонистон нақл карда, ба вижа таъкид кардааст, ки ҳоло занон зери султаи Толибон вазъи ногувор доранд ва шаъну шарафи инсонии онҳо поймол шудааст.

“Ман аз ҷаҳониён хоҳиш мекунам, ки барои татбиқи демократия, озодӣ ва ҳуқуқи башар дар Афғонистон дар паҳлӯи мо бошанд”, – гуфтааст Аҳмад Масъуд.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамчунин аз афзоиш ва густариши созмонҳо ва шабакаҳои террористӣ дар кишвараш ёдовар шуда, афзудааст, ки “Толибон Афғонистонро ба лонаи амни террористон табдил додаанд”.

“Феълан 21 гурӯҳи террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон озодона фаъолият доранд, ки барои мардуми Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддие маҳсуб мешавад”, – зикр кардааст Аҳмад Масъуд.

Конфронси байналмилалӣ дар мавриди демократияи Данияро Бунёди Иттиҳоди демократия ташкил кардааст.

Дар ин конфронс бо Аҳмад Масъуд, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, Нэнси Пелоси, раиси пешини Маҷлиси намояндагони Амрико, Лиз Трасс, собиқ сарвазири Англия ва Алӣ Наҷот, муборизи ҳуқуқи занон дар Эрон иштирок доштаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати қаблии Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам ду рӯзи пеш дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” аз вуҷуди гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигаронӣ карда, гуфта буд, ки Толибон ҳамоно барои минтақа ва ҷаҳон хатарзо боқӣ мемонанд.

Ёдовар мешавем, ки ду соли қабл, 15-уми августи соли 2021, гурӯҳи Толибон ҳукумати Афғонистонро ғасб карда, ба сари қудрати ин кишвар нишастанд.

Аммо бо гузашти ду сол ҳукумати ин гурӯҳ то ба ҳол аз сӯи ҳеҷ кишвар ба расмият шинохта нашудааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.