Аҳмад Масъуд дар парлумони Британия: “Хатари терроризм аз Афғонистонро нодида нагиред”

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон чанд рӯз қабл аз солгарди террори падараш, зимни суханронии худ дар парлумони Бритониёи Кабир гуфтааст, Афғонистон бори дигар ба паноҳгоҳи терроризми минтақаӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва онро набояд нодида гирифт. Дар ин бора хабаргузории “Aamajnews” бо истинод ба Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳа хабар медиҳад. […]

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон чанд рӯз қабл аз солгарди террори падараш, зимни суханронии худ дар парлумони Бритониёи Кабир гуфтааст, Афғонистон бори дигар ба паноҳгоҳи терроризми минтақаӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва онро набояд нодида гирифт. Дар ин бора хабаргузории “Aamajnews” бо истинод ба Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳа хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, Аҳмад Масъуд гуфтааст, ки таҳдид аз Афғонистон на танҳо дар марзҳои он, балки ба тамоми ҷаҳон нуфуз хоҳад кард.

Ба ақидаи раҳбари Ҷабҳа набуди дидгоҳи дурандешона ва монанд ба Аҳмадшоҳи Масъуд Афғонистонро зери султаи Толибон* бори дигар ба як бомби соатӣ барои даргириҳои бузургтар дар оянда табдил додааст.

“Аҳмадшоҳи Масъуд муътақид буд, ки қонунияти сиёсӣ аз мардум аст ва барои Афғонистон ба унвони як кишваре, ки аз лиҳози қавмӣ, мазҳабӣ ва забонӣ гуногун аст, бояд як низоми гуногунандешӣ ва ғайримарказӣ таъсис шавад ва қудрат бояд дар байни шаҳрвандон одилона ва баробар тақсим карда шавад”, – зикр кардааст Аҳмад Масъуд.

Ӯ дар идома изҳор доштааст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд тавони муттаҳид кардани тамоми мардумро алайҳи Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дошт ва Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба чунин роҳбар ниёз дорад.

Бояд гуфт, парлумони Бритониёи Кабир ахиран барномаеро барои гиромидошти Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи собиқи зидди Толибон роҳандозӣ намуд, ки дар он теъдоде аз вакилони порлумони ин кишвар ва афғонистониҳои муқими Бритониё ширкат карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, то “аз ҳимояти Толибон” даст кашанд.

Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 2001 аз сӯи ду бомбгузори маргталаби араб, ки худро рӯзноманигор муаррифӣ карда буданд, кушта шуд ва тарафдоронаш ҳамасола ба хотири гиромидошти ин фармондеҳи марҳум маросимҳо баргузор мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.