Расонаҳо: “Дар Душанбе Корай Вурал, як шаҳрванди Туркия рабуда шудааст”

Бино ба гузоришҳо, Корай Вурал, як шаҳрванди Туркия, дар Тоҷикистон “рабуда шудааст”. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабарро тасдиқ ё такзиб накарданд. Дар ин бора centralasian.org иттилоъ медиҳад. Ин расона бо такя ба сомонаи “Кроносо” менависад, ки Корай Вурал мудири пешини яке аз мактабҳои наздик ба рӯҳонии турк Фатҳулло Гюлен дар Душанбе буд, аммо солҳои охир тиҷорат […]

centralasian.org

Бино ба гузоришҳо, Корай Вурал, як шаҳрванди Туркия, дар Тоҷикистон “рабуда шудааст”. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабарро тасдиқ ё такзиб накарданд. Дар ин бора centralasian.org иттилоъ медиҳад.

Ин расона бо такя ба сомонаи “Кроносо” менависад, ки Корай Вурал мудири пешини яке аз мактабҳои наздик ба рӯҳонии турк Фатҳулло Гюлен дар Душанбе буд, аммо солҳои охир тиҷорат мекард.

Ин манбаъ аз қавли наздикони Вурал навиштааст, “ӯро субҳи 16-уми сентябр ҳашт нафар аз назди тарабхонаи туркии "Özyurt" дар Душанбе гирифта бурдаанд”.

Баъзе аз расонаҳои наздик ба Фатҳулло Гюлен, аз ҷумла телевизиони “Саманйолу”, ҳам хабар доданд, ки Корай Вурал рабуда шудааст. “Саманйолу” навишт, ки Корал Вурай барои сокин шудан дар як кишвари амн ба Созмони Милал дархост дода, мунтазири посух истода буд.

Сумейра ва Ёсамин Нур, ки дар шабакаи иҷтимоии X (Twitter) худро духтарони Корай Вурал ном бурдаанд, барои раҳоии ӯ мадад хостанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Туркия то ҳол дар робита ба хабари рабуда шудани Корай Вурал чизе нагуфтаанд.

Сомонаи “Кронос” навишт, Вурали 46-соларо субҳи 17-уми сентябр бо ҳавопаймое аз Душанбе ба Истанбул фиристодаанд.

Наздиконаш мегӯянд, Корай Вурал 28 соли охир дар Тоҷикистон мезист. Ӯ то соли 2016 мудири яке аз литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар Душанбе буда, ба гуфтаи онҳо, баъд аз баста шудани мактаб соҳибкорӣ мекард.

Бори аввал нест, ки шахсони наздик ба ҷунбиши рӯҳонии турк Фатҳулло Гюлен дар Тоҷикистон рабуда ва дар шароити мармуз ба Туркия фиристода мешаванд.

Моҳи июли имсол Эмсал Коч, мудири пешини маркази “Диалог” дар Душанбе, аз Тоҷикистон ба Туркия бурда шуд. Маркази озодии Стокҳолм бо такя ба сомонаи хабарии Bold Medya гуфт, “ин шаҳрванди Туркияро ғайриқонунӣ ба Туркия бурданд”.

Баъд аз табадуллоти нофарҷоми соли 2016 дар Туркия, ҳукумати ин кишвар тарафдорони Фатҳулло Гюленро ҳадаф қарор дод. Дар муддати ҳафт сол садҳо нафар дар Туркия бо гумони пайравӣ ва ҳамфикрӣ бо Гюлен дастгиру зиндонӣ шудаанд ва ё дар ҷустуҷӯ ҳастанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.