Масъулияти таркиш дар назди бинои ВКД-и Туркияро Ҳизби коргари Курдистон ба зимма гирифтааст

Ҳизби коргари Курдистон, ки фаъолияташ дар Туркия мамнӯъ аст, масъулияти таркиш дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Анкараро бар ӯҳда гирифт. Дарин бора шабакаи телевизионии A Haber хабар медиҳад. “Имрӯз тақрибан соати 9:30 дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия дастаи “Ҷовидон” амалиёти фидокорона анҷом дод. Анҷоми ин амал махсусан дар рӯзи оғози кори порлумон […]

Ҳизби коргари Курдистон, ки фаъолияташ дар Туркия мамнӯъ аст, масъулияти таркиш дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Анкараро бар ӯҳда гирифт. Дарин бора шабакаи телевизионии A Haber хабар медиҳад.

“Имрӯз тақрибан соати 9:30 дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия дастаи “Ҷовидон” амалиёти фидокорона анҷом дод. Анҷоми ин амал махсусан дар рӯзи оғози кори порлумон ба нақша гирфта шуда буд ва тибқи нақша анҷом дода шуд”, – хабар дод бахши низомии Ҳизби коргари Курдистон.

Бояд гуфт, ки 1-уми октябр як маргталаб худро дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия, дар маркази Анқара тарконд.

Ба иттилои расонаҳои Туркия, нафари дуввум аз сӯи пулиси Туркия кушта шуд. Али Ерликая, вазири корҳои дохилӣ ин ҳодисаро “кӯшиши ҳамлаи террористӣ” номид.

Ба навиштаи Оҷонсии Haberturk, ду нафар бо мошин ба назди бинои вазорат омада, ин таркишро анҷом доданд. Ба қавли ин манбаъ, дар пайи ин ҳодиса ду маъмури пулис захмӣ шудаанд.

Дар паҳлӯи бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия, порлумон ҷойгир шудааст. Қарор буд, имрӯз вакилон баъди таътили тобистона аввалин ҷаласаи порлумонро баргузор кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.