Эрон даст доштанаш дар ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроилро рад кард

Намояндагии доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милали муттаҳид даст доштани кишвараш дар ҳамалоти “Ҳамос” ба Исроилро рад кард. Дар ин бора хабаргузории BBC хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, намояндаи Эрон дар баёнияе бо таъкид бар ҳимояти кишвараш аз Фаластин эълом кард, ки “мо дар вокуниши Фаластин ширкат накардаем ва ин кор танҳо ба василаи […]

Asia-Plus

Намояндагии доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милали муттаҳид даст доштани кишвараш дар ҳамалоти “Ҳамос” ба Исроилро рад кард. Дар ин бора хабаргузории BBC хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, намояндаи Эрон дар баёнияе бо таъкид бар ҳимояти кишвараш аз Фаластин эълом кард, ки “мо дар вокуниши Фаластин ширкат накардаем ва ин кор танҳо ба василаи Фаластин сурат гирифтааст”.

Қаблан The Wall Street Journal бо такя ба манобеъи наздик ба “Ҳамос” ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон хабар дода буд, ки Эрон дар тарҳрезии ин ҳамлаҳо даст доштааст.

Аммо дар ҳамин ҳол, ҳукумати Амрико гуфтааст, бо вуҷуди равобити амиқ миёни Эрон ва “Ҳамос”, далели даст доштани Эрон дар ин ҳамлаҳоро надорад.

Мақомоти Эрон ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроилро “вокуниши пурқувват ба амалҳои ҷиноӣ” ва “саҳифаи нав дар майдони муқовимат ва амалиёти мусаллаҳона алайҳи ишғолгарон дар сарзаминҳои ишғолшуда” номид.

Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, гуфтааст, “ҳар иқдоми аблаҳона алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вокуниши харобиовар рӯбарӯ хоҳад шуд ва агар тавонанд худашонро аз Фаластин дар ҳамон саҳнаи муқовимати Фаластин дифоъ кунанд”, – хабар медиҳад euronews.

Гуфта мешавад ӯ дар мулоқоти ҳафтаинаи худ бо хабарнигорон афзудааст, ки “вазири умури хориҷиаи Эрон дар гуфтугӯҳои телефонӣ бо ҳамтоёни худ ба таҳаввулоти Фаластин таваҷҷуҳи ҷиддӣ дод ва дар сӯҳбат бо ҳамтои ироқӣ пешниҳоди баргузории нишасти ғайринавбатии Созмони ҳамкории исломӣ дар хусуси Фаластинро матраҳ кард”.

Тибқи маълумоти ахир, бар асари ҳамлаи “Ҳамос” дар Исроил беш аз 700 нафар кушта ва 2,3 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Мақомоти Фаластин дар бораи кушта шудани беш аз 400 нафар ва маҷрӯҳ шудани 2,2 ҳазор нафар хабар доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.