Теъдоди қурбониёни даргириҳо миёни Исроилу Фаластин афзоиш меёбад

Вазорати тандурустии Фаластин, ки зери итоати гуруҳи Ҳамос аст, мегӯяд, аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар ду ҳафтаи гузашта беш аз 4650 фаластинӣ кушта шудаанд. Аз ин теъдод, 1873 кӯдак, 1101 зан ва 1677 мард мебошад. Бар асоси баёнияи вазорати тандурустии Фаластин, 839 нафар аз ин афрод дар ҷануби Ғазза кушта шудаанд, ки Исроил […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Вазорати тандурустии Фаластин, ки зери итоати гуруҳи Ҳамос аст, мегӯяд, аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар ду ҳафтаи гузашта беш аз 4650 фаластинӣ кушта шудаанд. Аз ин теъдод, 1873 кӯдак, 1101 зан ва 1677 мард мебошад.

Бар асоси баёнияи вазорати тандурустии Фаластин, 839 нафар аз ин афрод дар ҷануби Ғазза кушта шудаанд, ки Исроил он ҷойро барои сокинони шимоли Ғазза минтақаи амн эълом карда буд.

Бар асоси ин гузориш, дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил беш аз чаҳордаҳ ҳазор сокини Фаластин захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустии Исроил хабар медиҳад, ки шумораи кушташудагон дар ин кишвар тибқи маълумоти охирин, ба беш аз 1,4 ҳазор нафар расида ва зиёда аз 5,4 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бояд гуфт, ки даргириҳои ахир дар Ховари Миёна 7-уми октябр дар пайи ҳамлаи Ҳамос ба Исроил оғоз шуд. Ин бузургтарин ҳамлаи гурӯҳи Ҳамос дар 50 соли охир ба Исроил гуфта мешавад. Дар пайи он садҳо исроилӣ кушта шуданд. Беш аз сад нафари дигар асир афтодаанд.

Дар умум, Ҳамос гуфт, ки ба Исроил беш аз 5 ҳазор мушак партоб кардааст.

Дар пайи он Исроил аз оғози ҷанги васемиқёс дар минтақа ва ҳуҷум ба Навори Ғазза хабар дод. Инак даҳ рӯз мешавад, ки Исроил Навори Ғаззаро бомбборон мекунад ва ин амали худро амалиёти “маҳви ҷангҷӯёни Ҳамос” мемонад.

Исроил чанд рӯз пештар аҳолии Навори Ғаззаро бо паҳн кардани варақа огоҳ кард, ки минтақаро тарк кунанд.

Исроил мегӯяд, ҳоло амалиёти васеи ҷангии худро оғоз накардааст, аммо рӯзҳои наздик он оғоз хоҳад шуд. Барои ин 300 ҳазор сарбози иловагӣ ба сафи артиш сафарбар кардааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Исроил гуфтаас, амалиёти низомии ин кишвар дар Ғазза метавонад як ё бештар аз як моҳ идома кунад.

Ҳоло Навори Ғазза пурра муҳосира шуда, шароити гуманитарӣ дар он ваҳим мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.