Таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим-Жомарт Токаев

Дирӯз, 29-уми октябр, дар робита ба садамаи маргбор дар кони ангишти вилояти Қарағандаи Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон занг зад ва ҳамчунин, барқияи таслият ирсол намуд. Дар Қазоқистион шаби 27 ба 28-уми октябр дар кони ангишти ба номи Костенко дар вилояти Қарағанда сӯхтор ва баъди чанде таркиши шадид ба амал […]

Дирӯз, 29-уми октябр, дар робита ба садамаи маргбор дар кони ангишти вилояти Қарағандаи Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон занг зад ва ҳамчунин, барқияи таслият ирсол намуд.

Дар Қазоқистион шаби 27 ба 28-уми октябр дар кони ангишти ба номи Костенко дар вилояти Қарағанда сӯхтор ва баъди чанде таркиши шадид ба амал омад. Дар пайи он атрофи 45 нафар ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ба президент ва мардуми Қазоқистон ҳамдардиву таъзияи амиқ баён кардааст.

“Сарвари давлати мо, таслияту ғамшарикии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин таманниёти шифои комилро ба ҳамаи осебдидагон иброз намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки оқибатҳои садама ҳарчи зудтар бартараф карда хоҳанд шуд”, – зикр мегардад дар хабар.

Ҳамчунин, пештар аз ин, дар робита ба ин садамаи фоҷеабор Президенти Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқаш барқияи таслият ирсол намуда буд.

“Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари садама дар кони ангишти вилояти Қарағандаи Қазоқистон боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.

Мо ғамшарики ин талафоти ҷуброннопазир ҳастем.

Аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо, мардуми бародари Қазоқистон ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву ҳамдардии самимии инҷониб, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтани осебдидагонро изҳор менамоям”, – зикр мешавад дар бароқият таслият.

Бояд гуфт, бино ба иттилои расонаҳо, замони ҳодиса 252 нафар дар кон кор мекарданд. 208 нафарро аз таҳи замин берун оварда шуда, 18 нафар барои кӯмак ба пизишкон муроҷиат карданд. Кони ангишт беш аз 1400 корманд доштааст.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, 29-уми октябрро рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.