Русия ба Тоҷикистон боз омӯзгор мефиристад. Ин хабар хашми вакили Думаи давлатии Русияро барангехт

Русия ният дорад ба Тоҷикистон боз  омӯзгори фанҳои забони русӣ, физика, биология ва химия фиристад ва толибилмонро бо китобҳои дарсии забони русӣ таъмин кунад. Дар ин бора Сергей Кравцов, вазир маорифи Русия дар барномаи “Москва. Кремл. Путин” дар шабакаи телевизионии “Русия 1”хабар додааст. “Мо ҳоло дар заминаи ин мактабҳо (5 мактабе, ки ҳоло дар Тоҷикистон […]

Русия ният дорад ба Тоҷикистон боз  омӯзгори фанҳои забони русӣ, физика, биология ва химия фиристад ва толибилмонро бо китобҳои дарсии забони русӣ таъмин кунад. Дар ин бора Сергей Кравцов, вазир маорифи Русия дар барномаи “Москва. Кремл. Путин” дар шабакаи телевизионии “Русия 1”хабар додааст.

“Мо ҳоло дар заминаи ин мактабҳо (5 мактабе, ки ҳоло дар Тоҷикистон амал мекунад, – муаллиф) марказҳои методӣ таъсис дода, омӯзгор мефиристем, на танҳо аз фанҳои забони русӣ, ҳамчунин физика, биология ва химия. Мо ба мувофиқа расидем, ки дар базаи марказҳо ва донишгоҳҳои худ барои Тоҷикистон омӯзгор тайёр кунем”, – гуфтааст Кравсов дар мусоҳиба ба рӯзноманигор Павел Зарубин.

Ӯ аз панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон, ки ҳоло фаъолият дорад, ёдовар шуда, гуфтааст, барои  9 хонанда як ҷой рост меояд.

Суханони вазири маорифи Русия ба вокунишҳои мухталиф рубарӯ шуд. Аз ҷумла, Валерий Селезнёв, як вакили думаи давлатии  Русия бо ишора ба ин ҳарфҳои Кравсов дар телеграмм-канали худ навишт, ки “аввал, эҳтиёҷоти дохилиро ба мутахассисон таъмин намоед ва  баъдан онҳоро ба дигар ҷой равона созед. Мо худ ба омӯзгорон эҳтиёҷ дорем”.

Бо иловаи 5 мактаби русӣ, ки соли 2021 боз шуд, ҳоло дар Тоҷикистон 26 мактаби русӣ фаъолият мекунад, ки беш аз 17 ҳазору 778 хонанда доранд. Ҳамчунин дар кишвар 141 мактаби дигаре мавҷуд аст, ки дар онҳо барои 177 ҳазору 638 хонанда дарсҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.