Чин эътимодномаи сафири Толибонро пазируфтааст

Толибон* дар як баёнияе гуфтаанд, ки давлати Чин эътиборномаи Билол Каримиро ба унвони сафири худ дар Пекин пазируфтааст. Дар ин бора amu.tv хабар медиҳад. Ба навиштаи ин расона, Толибон Билол Каримиро тақрибан як ҳафта пеш ба унвони сафири худ дар Чин фиристода буданд. Ин дар ҳолест, ки тақрибан ду моҳ пеш Чин як дипломати ин […]

Толибон* дар як баёнияе гуфтаанд, ки давлати Чин эътиборномаи Билол Каримиро ба унвони сафири худ дар Пекин пазируфтааст. Дар ин бора amu.tv хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, Толибон Билол Каримиро тақрибан як ҳафта пеш ба унвони сафири худ дар Чин фиристода буданд.

Ин дар ҳолест, ки тақрибан ду моҳ пеш Чин як дипломати ин кишварро бо номи Ҷао Синг ба унвони сафир дар Афғонистон дар ҳукумати Толибон муаррифӣ кард.

Бояд гуфт, ки Чин аввалин кишваре аст, ки дар зери ҳукмронии Толибон ба Кобул сафир фиристод ва Билол Каримӣ аввалин сафири Толибон дар як кишвари хориҷӣ аст.

Билол Каримӣ қаблан муовини сухангӯи Толибон буд.

Ҳукумати Толибон то ба ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.

Ҷомеаи байнулмиллаӣ ҳамеша ба эҳтиром ҳуқуқ ва ҷойгоҳи зан дар умури сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонситон таъкид мекунанд, аммо гурӯҳи Толибон то ба ҳол ба нақзи густурдаи ҳуқи зан ва фишорҳо болои занонро идома медиҳад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.