Эмомалӣ Раҳмон: “Бонки ҷаҳонӣ яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар соҳаи рушд аст”

Рӯзи 3 декабр зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга президенти ҷумҳурӣ Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон номид. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат вохӯрӣ дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубай доир гардид. Гуфта мешавад, дар мулоқот […]

Asia-Plus

Рӯзи 3 декабр зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга президенти ҷумҳурӣ Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон номид.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат вохӯрӣ дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубай доир гардид.

Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ муҳокима карда шуда, Эммалӣ Раҳмон саҳми Бонкро дар маблағгузорӣ ба тадбирҳои мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва пешгирӣ аз онҳо муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълии ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, , шаҳрсозӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат ба зарурати идомаи татбиқи лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқ “CASA-1000”, ки бозори энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тавассути Афғонистон бо ҳам мепайвандад, таъкид кард.

Айни ҳол Бонк дар Тоҷикистон 28 лоиҳаро бо маблағи умумии 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ мекунад.

Амалӣ намудани ислоҳоти фарогир ва сохтории иқтисодиёти кишвар, алалхусус дар соҳаҳои алоқаи барқӣ, рақамикунонӣ, авиатсияи гражданӣ ва беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо Бонк маънидод гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Дар фарҷоми суҳбат Пешвои миллат аз Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд. Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.