Дар Русия миёни донишҷӯёни тоҷик озмуни “Донишҷӯи сол – 2023” баргузор мегардад

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои муайян кардани беҳтарин донишҷӯи соли 2023 озмуни “Донишҷӯи сол – 2023” доир мекунад. Озмун миёни донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Русия баргузор мешавад. Ба иттилои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳадафи баргузории ин озмун дарёфти чеҳраҳои наву ҷавонони лаёқатманд, муаррифӣ ва муттаҳид […]

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои муайян кардани беҳтарин донишҷӯи соли 2023 озмуни “Донишҷӯи сол – 2023” доир мекунад.

Озмун миёни донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Русия баргузор мешавад.

Ба иттилои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳадафи баргузории ин озмун дарёфти чеҳраҳои наву ҷавонони лаёқатманд, муаррифӣ ва муттаҳид кардани ҷавонони соҳибистеъдод дар хориҷи давлат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар байни донишҷӯён мебошад.

Дар озмун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия, дар гурӯҳи рӯзона таҳсил менамоянд иштирок карда метавонанд.

Донишҷӯёне, ки дар соли аввал таҳсил менамоянд, бо назардошти ҷамъбаст нагардидани соли аввали таҳсил имконияти иштирок дар озмунро надоранд.

Бояд гуфт, ки донишҷӯёни тоҷик то рӯзи 30-юми декабри соли 2023, соати 18:00 метавонанд номзадии худро  тавассути пайванди зерин пешбарӣ кунанд: https://forms.gle/AEsoRjnijQXBNhER8

Нусхаи ҳуҷҷатҳои иловагиро тариқи суроғаи электронӣ  [email protected]  ирсол намоянд.

Телефон барои тамос: +79264626201

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.