Баъди пешниҳоди пайвастани Ӯзбекистон ба Русия. ВКХ-и Ӯзбекистон сафири Русияро ба сӯҳбат даъват кард

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон сафири Русия дар шаҳри Тошканд Олег Малгиновро барои суханҳои Захар Прилепин, нависанда ва ҳамраиси ҳизби “Русияи одил – барои ҳақиқат”, ки чанде пеш пешниҳод кард қаламрави Ӯзбекистонро ба Русия ҳамроҳ карда шавад, ба суҳбат даъват кардааст. Дар хабари вазорат гуфта мешавад, ки “чунин изҳорот ба рӯҳияи равобити дӯстонаи ду кишвар мувофиқат […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон сафири Русия дар шаҳри Тошканд Олег Малгиновро барои суханҳои Захар Прилепин, нависанда ва ҳамраиси ҳизби “Русияи одил – барои ҳақиқат”, ки чанде пеш пешниҳод кард қаламрави Ӯзбекистонро ба Русия ҳамроҳ карда шавад, ба суҳбат даъват кардааст.

Дар хабари вазорат гуфта мешавад, ки “чунин изҳорот ба рӯҳияи равобити дӯстонаи ду кишвар мувофиқат намекунад ва метавонад ба муносибатҳои дӯстонаи таърихӣ байни халқҳои мо таъсири манфӣ расонад”.

Сафири Русия зикр кардааст, ки суханҳои Захар Прилепин “мавқеи расмии роҳбарияти Русияро дар мавриди Ӯзбекистони дӯсту соҳибистиқлол инъикос намекунад”.

Сафир ҳамчунин гуфтааст, ки “дар кишвари ӯ ҳеҷ гоҳ соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ӯзбекистон зери шубҳа гузошта нашудааст”.

Олег Малгинов зикр кардааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия ният дорад дар ояндаи наздик ин ҳодисаро шарҳ диҳад.

Бояд гуфт, чанде пеш Захар Прилепин дар яке аз суханрониҳояш гуфт, мушкили занозании муҳоҷирон дар Русияро мешавад бо роҳи ҳамроҳ кардани қаламравҳои нав, аз ҷумла Ӯзбекистон ба ҳайати кишвараш ҳал кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.