Панҷ соли зиндони як қирғизистонӣ барои пайвастан ба “ЧВК Вагнер” ва иштирок дар ҷанги Русияву Украина

Додгоҳе дар вилояти Норини Қирғизистон Бекназар Боругул уулу – шаҳрванди ин кишварро барои иштирок дар ҷанги зидди Украина дар ҳайати Ширкати хусусии низомии “Вагнер” 5 сол зиндон кардааст. Пештар аз ин додгоҳи шаҳрии Норин низ чунин ҳукме содир карда буд. Моҳи августи соли 2023 хабари боздошти сокини 27-солаи вилояти Норини Қирғизистон нашр шуда буд. Ӯро […]

centralasian.org

Додгоҳе дар вилояти Норини Қирғизистон Бекназар Боругул уулу – шаҳрванди ин кишварро барои иштирок дар ҷанги зидди Украина дар ҳайати Ширкати хусусии низомии “Вагнер” 5 сол зиндон кардааст.

Пештар аз ин додгоҳи шаҳрии Норин низ чунин ҳукме содир карда буд.

Моҳи августи соли 2023 хабари боздошти сокини 27-солаи вилояти Норини Қирғизистон нашр шуда буд. Ӯро барои дар ҳайати “Вагнер” зидди Украина ҷангидан боздошт карда буданд. Шаҳрванди Қирғизистон пештар дар Русия зиндонӣ буд ва аз зиндон ба сафи “Вагнер” пайваст. Вай баъди иштирок дар ҷанги зидди Украина ба Қирғизистон баргашт ва боздошт шуд.

Додгоҳ ӯро бо моддаи “Иштироки шаҳрванди Қирғизистон дар низои мусаллаҳона ва ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди кишвари дигар ва ё омодагӣ барои анҷом додани амали террористӣ” зиндон кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.