212,5 ҳазор сомонӣ бештар аз соли гузашта. Хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар соли 2024 маълум шуд

Барои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар соли 2024 27 млн 401 ҳазору 380 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки назар ба соли гузашта 212 ҳазору 540 сомонӣ бештар аст. Дар ин бора Ҷамшед Муртазозода, раиси Кумитаи назорати дастур ва ташкили кори парлумони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба фарқ аз солҳои пешин, маблағи хароҷоти Маҷлиси […]

Барои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар соли 2024 27 млн 401 ҳазору 380 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки назар ба соли гузашта 212 ҳазору 540 сомонӣ бештар аст. Дар ин бора Ҷамшед Муртазозода, раиси Кумитаи назорати дастур ва ташкили кори парлумони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба фарқ аз солҳои пешин, маблағи хароҷоти Маҷлиси намояндагон имсол дар ҷаласаи парлумон ифшо нашуд. Вакилони палатаи поёнии парлумон, рӯзи 22-юми декабри соли 2023 “сметаи ягонаи даромад ва хароҷот” барои соли 2024-ро тасдиқ карданд, вале буҷаи умумии онро нагуфтанд.

Ҷамшед Муртазозода имрӯз, 4-уми январ, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, 27,4 млн сомонӣ барои 343 нафар вакилону кормандони парлумон сарф мешавад:

63 нафар мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ (вакилон);

1 нафар мансаби давлатии хизмати давлатӣ;

117 нафар мансаби маъмурии хизмати давлатӣ;

162 нафар мансаби хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ).

Бояд гуфт, ки барои фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар соли 2023 27 миллиону 188 ҳазору 840 сомонӣ ҷудо гардид. Он ҳам барои хароҷоти 343 нафар пешбинӣ шуда буд. Ин маблағ дар муқоиса бо буҷети соли 2022-и Маҷлиси намояндагон 6 млн сомонӣ бештар аст.

Парлумони Тоҷикистон ё Маҷлиси Олӣ аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Соли равон барои фаъолияти Маҷлиси миллӣ, палатаи болои парлумони Тоҷикистон 5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. 

Ба навиштаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони кишвар, аз 5 миллион сомонӣ:

– 2,3 миллион барои музди меҳнат ва андозҳо;

– 2,2 миллион барои хароҷоти мол ва хизматрасониҳо;

– 0,3 миллион барои кумакпулиҳои иҷтимоӣ;

– 0,2 миллион сомонӣ барои харидории мошин ва таҷҳизот пешбинӣ шудааст.

Ба фарқ аз Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон доимамалкунанда аст ва вакилони он аз давлат маош мегиранд. Ҳаҷми маоши онҳо маълум нест. Ба ғайр аз маош, барои вакилон хона ва мошини хизматӣ ҳам дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.