Табодули навбатии асирон миёни Русия ва Украина

Вазорати мудофиаи Русия ва Дастгоҳи президенти Украина тасдиқ карданд, ки баъди шаш моҳ бори дигар асирони низомиро табодул карданд. Ба иттилои расонаҳо ин бор 248 низомии Русия бо 230 низомии Украина табодул шудааст. “Ҳамватанони мо дар хонаанд. Аз асорати Русия бештар аз 200 низомӣ ва шаҳрванди мулкиро баргардонидем. Сарбозон, сержантҳо, афсарон”, – хабар додааст саҳифаи […]

Вазорати мудофиаи Русия ва Дастгоҳи президенти Украина тасдиқ карданд, ки баъди шаш моҳ бори дигар асирони низомиро табодул карданд.

Ба иттилои расонаҳо ин бор 248 низомии Русия бо 230 низомии Украина табодул шудааст.

“Ҳамватанони мо дар хонаанд. Аз асорати Русия бештар аз 200 низомӣ ва шаҳрванди мулкиро баргардонидем. Сарбозон, сержантҳо, афсарон”, – хабар додааст саҳифаи телеграмии президенти Украина Владимир Зеленский.

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, табодули асирон дар натиҷаи миёнаравии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сурат гирифтааст. Пеш аз ин ду кишвар бори охир 7 август асиронро табодул карда буданд.

Ба иттилои Киев, то моҳи нобяри соли 2023 4337 шаҳрванди Украина, ки аз он 3574 тан низомӣ ва 763 тан мулкӣ ҳастанд, дар асорати Русия қарор доштанд. Моҳи октябри соли 2023 мақомоти Русия гуфта буданд, ки ҳудуди 500 низомии Русия дар Украина ба асорат афтодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.