Азсаргирии сохтмони мактаб ва интиқоли об: ҳалли мушкилот дар минтақаҳо пас аз гузоришҳои “Азия-Плюс”

Аз аввали соли хабарҳои хуш расиданд. Пас аз гузоришҳои мо аз минтақаҳо дар ниҳояти кор ба ҳалли мушкилоти сокинони он оғоз карданд. Ҳарду гузориш аз ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таҳия гардида, мушкилоти тамоман гуногунро дар бар мегирифтанд. Дар деҳаи Ибрати Боло сокинони он 3 сол боз интизори мактаби наванд. Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2020 зимни […]

Аз аввали соли хабарҳои хуш расиданд. Пас аз гузоришҳои мо аз минтақаҳо дар ниҳояти кор ба ҳалли мушкилоти сокинони он оғоз карданд. Ҳарду гузориш аз ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таҳия гардида, мушкилоти тамоман гуногунро дар бар мегирифтанд.

Дар деҳаи Ибрати Боло сокинони он 3 сол боз интизори мактаби наванд. Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2020 зимни сафари кориаш президент Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони муассиса санги асос гузошта буд. Сохтмон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз гардида буд. Вале пас аз деҳа рафтани меҳмони олимақом, сохтмон ба таъхир афтод.

Гузориши видеоӣ дар канали “Азия-Плюс” дар YouTube моҳи сентябри соли гузашта нашр шуда буд. Инак, ба иттилои журналисти таҳиягари ин гузориш, сохтмони мактабро аз сар гирифтаанд. Ва натанҳо инро. Паймонкоре, ки бояд ин мактабро месохт, боз якчанд муассисаи сохтмонашон нотамомро доштааст. Акнун паймонкор дар якчанд иншоот корашро барқарор ва ба охир мерасонад.

Ошёнаи якуми мактаб аллакай сохта шуда, ба бунёди ошёнаи дуюми иншоот оғоз кардаанд.

Гузориши дигар аз деҳаи кӯҳистони Хоҷа Муъмин дар бораи ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоштани аҳолии он бахшида шуда буд. Барои ба хона овардани он занон заҳмати зиёд мекашиданд, ҳатто барои писаронашон барои об надоштан духтар намеёфтанд, бо ин сабаб байни сокинони деҳа муноқишаҳо рух медоданд.

Ин гузориш барвақттар – моҳи апрели соли 2023 нашр шуда буд. Акнун соҳибкорон ба ин деҳа об оварда, мушкили аҳолӣ ҳал шудааст ва сокинон аз ин хеле хурсанданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.