Довталабони тоҷик метавонанд дар беш аз 50 донишгоҳи кишвари ҷаҳон таҳсил кунанд

Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” – и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои беш аз 50 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ҳуҷҷат қабул мекунад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, таълим дар зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура, докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти […]

Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” – и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои беш аз 50 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ҳуҷҷат қабул мекунад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, таълим дар зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура, докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” амалӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, довталабоне, ки шаҳодатномаҳои байналмилалии TOEFL, IELTS, Duolingo, Goethe, TOPIK доранд ва забонҳои хориҷиро медонанд, метавонанд муроҷиат намоянд. Хароҷоти таҳсил пурра аз ҳисоби фонди махсуси Президент пардохт мешавад.

Дар баробари ин, ҷиҳати таҳсил дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия ва дигар давлатҳои ҷаҳон аз рӯйи 9 ихтисос квотаҳо пешбинӣ шудаанд.

Дар зинаҳои аспирантура ва докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ аз рӯйи ихтисосҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ квотаҳо пешниҳод шудаанд.

“Маблағи таҳсил, иқомат дар хобгоҳ, суғуртаи тиббӣ, стипендияи моҳона, роҳкирои донишҷӯён, мутобиқгардонӣ ба стандарти давлати дахлдор, барасмиятдарории раводид, нашри натиҷаҳои илмҳои таҳқиқоти илми довталабоне, ки аз санҷиши Комиссияи интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ мегузаранд, пурра пардохт мегардад”, – гуфта шудааст дар хабари мазкур.

Талаботи асосӣ барои довталабон донистани забонҳои хориҷӣ (англисӣ, кореягӣ, олмонӣ ё чинӣ), вобаста ба кишваре, ки онҳо ба донишгоҳ дохил мешаванд, мебошад.

“Донишгоҳро худи довталаб интихоб мекунад ва давлат ба ӯ чанд ихтисосро пешниҳод мекунад, ки аз онҳо интихоб кунад. Пас аз хатми таҳсил ба шумо лозим меояд, ки ба Тоҷикистон баргардед ва 4-5 сол дар ягон самти муассисаи давлатӣ кор кунед”, – шарҳ доданд дар марказ ба “Азия-Плюс”.

Пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, довталаб аз имтиҳон ва сипас аз ҷониби Комиссия мусоҳиба гузаронида мешавад.

Ҳар як шахс метавонад ҳуҷҷатҳои худро ба “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” то 1-уми марти соли равон пешниҳод кунад.

Кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

– нусхаи шиносномаи довталаб ва падару модар;

– шаҳодатнома дар бораи мавҷудият ё набудани доғи судӣ;

– маълумотномаи тиббии шакли 0,86 ё 0,38 ва ВИЧ/СПИД;

– справка аз диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ;

– хислатнома аз ҷойи таҳсил ва кор;

– шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи пурра ё диплом;

– расид аз Амонатбонк ба маблағи 120 сомонӣ;

– шаҳодатномаи TOEFL, IELTS, DUOLINGO, GOETHE, H&C;

– сурати 3×4 1 дона.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” бо суроғаи: ш.Душанбе, к. Мирзо Турсунзода, 47 (ҷойгир: Маркази савдои "Пойтахт", варзишгоҳи "Спартак") ё телефони 223 23 59 муроҷиат кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.