“Ҳамос” ва Исроил барои оташбаси 30-рӯза созиш кардаанд

Гуруҳи “Ҳамос” ва Исроил барои оташбаси 30-рӯза, бар ивази раҳоии маҳбусони фаластинӣ ва гаравгонҳои исроилӣ созиш кардаанд. Дар ин бора “Садои Амрико” бо истинод ба “Reuters” хабар медиҳад. Ба навиштаи ин расона, эълони расмии созиши оташбас айни ҳол ба далели “ихтилоф бар сари шартҳои қатъи ниҳоии ҷангҳо” ба таъхир афтодааст, аммо ба қавли манобеи ин […]

Гуруҳи “Ҳамос” ва Исроил барои оташбаси 30-рӯза, бар ивази раҳоии маҳбусони фаластинӣ ва гаравгонҳои исроилӣ созиш кардаанд. Дар ин бора “Садои Амрико” бо истинод ба “Reuters” хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, эълони расмии созиши оташбас айни ҳол ба далели “ихтилоф бар сари шартҳои қатъи ниҳоии ҷангҳо” ба таъхир афтодааст, аммо ба қавли манобеи ин расона, он метавонад “ҳар лаҳза ҳосил шавад”.

Манобеъи амниятии Миср гуфтаанд, “Ҳамос” талаб дорад, ки баъди оташбаси муваққат ва раҳоии гаравгонҳо оташбаси доимӣ эълон гардад.

Исроил ва миёнаравҳо – Иёлоти Муттаҳида, Миср ва Қатар – талош доранд, ки музокирот марҳила ба марҳила ҷараён гирифта, шартҳои табодули тадриҷии гаравгонҳоро баррасӣ кунанд.

Манобеъи “Axios” хабар доданд, ки дар марҳилаи аввали созиши нав, ҷониби Исроил пешниҳод кардааст, ки “Ҳамос” занон, мардони аз 60-сола боло ва ҳамчунин гаравгонҳоро, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, раҳо кунад.

Дар марҳалаҳои баъдӣ Исроил озодии сарбозони зан, мардони то 60-солаи ғайринизомӣ ва низомиёну ҷасади гаравгонҳо баргардонида шаванд.

Дар иваз Исроил бояд маҳбусони фаластиниро, ки дар зиндонҳои Исроил нигоҳ дошта мешаванд, ба “Ҳамос” супорад.

Ба гуфтаи яке аз намояндагони “Ҳамос”, Исроил пешниҳод кардааст, ки агар ин гурӯҳ шаш раҳбари аршади худ, аз ҷумла раҳбари Бюрои сиёсии ин гурӯҳ Яҳё Синворро барканор кунад, ҷангро хотима медиҳад, аммо “Ҳамос” ин пешниҳодро ба таври қатъӣ рад кардааст.

Исроил ин хабарро расман тасдиқ накардааст. Якчанд манбаъҳои оҷонсӣ иддао кардаанд, ки исроилиён аз баррасии масъалаи хатми ҷанг бидуни аз байн бурдани “Ҳамос” худдорӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки даргирӣ дар Ховари Миёна 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гуруҳи “Ҳамос” ба Исроил, ки бар асари он 1200 исроилӣ куштаву беш аз 200 нафар асир гирифта шуданд, оғоз гардид.

Баъди ин Исроил ба навори Ғазза ҳуҷум кард ва то имрӯз беш аз 25 ҳазор фаластиниро, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд, кушт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.