Тоҷикистон ба бозии навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2026 омода мешавад

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ омодагӣ мегирад, эълон кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба тими миллии Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шуданд. […]

Asia-Plus

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ омодагӣ мегирад, эълон кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба тими миллии Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозиҳо бо Арабистони Саудӣ 11 март оғоз мекунад. Дар ин рӯз дастаи мо ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Қатар сафарбар мегардад. Шоми 18 март мунтахаби Тоҷикистон барои бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими Арабистони Саудӣ аз Доҳа ба Риёз парвоз мекунад. Ин дидор рӯзи 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Сипас тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар майдони худ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом медиҳад. Ин рақобат рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ (21 ва 26 март):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгуралӣ», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Далер Имомназаров («Эсхата»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Алишер Шукуров («Динамо-Тифлис», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алиҷони Бӯризод («Самгуралӣ», Гурҷистон), Муродалӣ Ақназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов (ҳама аз «Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев (бе даста), Вайсиддин Сафаров (КМВА);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Ӯзбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Рустам Соиров (бе даста), Нуриддин Ҳамроқулов («Ҳосилот»).

Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон).

Қобили зикр аст, ки дар Конфедератсияи футболи Осиё марҳилаи интихобии Чемпионати футболи ҷаҳон-2026 аз 5 давр иборат аст.

Дар марҳилаи аввал 20 дастаи рейтингашон пасти ФИФА бо ҳамдигар ду бозӣ гузаронида, 10 дастаи ғолиб ба марҳилаи минбаъда роҳ меёбанд.

Дар марҳилаи дуюм онҳо ба 26 дастаи рейтингашон баланд ҳамроҳ шуда, ин 36 даста ба 9 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 4 даста тақсим мешаванд.

Дастаҳое, ки зинаҳои 1-ум ва 2-юмро ишғол мекунанд, ба марҳилаи сеюм баромада, ҳамзамон ба даври финалии мусобиқаи навбатии Ҷоми Осиё роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи сеюм 18 даста ба 3 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 6 даста тақсим мешаванд. Ду дастаи аввали ҳар кадоме аз гурӯҳҳо мустақиман ба даври финалии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳхат мегиранд.

Дастаҳое, ки зинаҳои 3-юм ва 4-умро ишғол мекунанд, дар марҳилаи 4-ум ба 2 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 3 даста тақсим шуда, дастаҳои ғолиби ин ду гурӯҳ ба тимҳои иштирокчии даврии финалии ЧҶ-2026 ҳамроҳ мешаванд.

Ва дар ниҳоят дар даври 5-уми марҳилаи интихобӣ ду дастае, ки дар даври 4-ум дар гурӯҳҳои худ зинаи дуюмро ишғол мекунанд, бо ҳамдигар бозӣ карда, ғолиби вохӯрӣ ба бозии байниқитъавӣ роҳхат мегирад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2026 аз 11 июн то 19 июл бори нахуст дар се кишвар – Канада, Мексика ва ИМА баргузор мешавад. Ҳамчунин бори аввал дар ин чемпионат 48 даста иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.