Ба бофандагон, дӯзандагон, кулолгарон… Дар Суғд ба 60 зани ҳунарманд грант медиҳанд

Озмуни гранти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дарёфти грант миёни занони ҳунарманд оғоз мешавад: он барои бофандагон, дӯзандагон, армуғонсозон, кулолгарон, чӯбкорон, ресандагон, читгаронӣ, рассомон дода мешавад. Муяссара Мавлонӣ, муовини Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, грантҳои раиси вилоят на аз рӯйи ягон номинатсия муайян, балки барои ҳамаи занҳои […]

Озмуни гранти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дарёфти грант миёни занони ҳунарманд оғоз мешавад: он барои бофандагон, дӯзандагон, армуғонсозон, кулолгарон, чӯбкорон, ресандагон, читгаронӣ, рассомон дода мешавад.

Муяссара Мавлонӣ, муовини Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, грантҳои раиси вилоят на аз рӯйи ягон номинатсия муайян, балки барои ҳамаи занҳои ҳунарманди вилоят пешбинӣ шудааст.

“Озмуни грантӣ ба занҳои ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкориву ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат менамояд”-пешбинӣ шудааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли ҷорӣ дар ҳаҷми зер маблағ пешбинӣ шудааст:

  • 15 грант дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;
  • 15 грант дар ҳаҷми 8 000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ;
  • 30 грант дар ҳаҷми 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ.

Муяссара Мавлонӣ гуфт, танҳо баъди хулосаи коммисияи озмун, ки ба таври пӯшида мегузарад, кадом зан созовори грант шуданаш муайян мегардад.

Инчунин, баъди соҳиб шудан ба гранти раиси вилоят аз ҷониби раиси маҳалла ва ҷамоат оид ба самаранок истифода кардани маблағи грант санад тартиб дода мешавад.

Ба гуфтаи Мавлонӣ, грантгиранда пас аз 6 моҳ ҳисоботи молӣ месупорад ва коммисия мониторинг мегузаронад.

Тибқи эълони Раёсати кор ба занони вилоят муҳлати пешниҳоди лоиҳа аз 1 апрел то 31 майи соли 2024 тадбиқ шудааст.

“Баъди қабули маводҳо 2 моҳ санҷиш давом мекунад ва моҳҳои август-сентябр супоридани грант оғоз мешавад”, – афзуд Мавлонзода.

Ёдовар мешавем, ки 11 октябри 2023 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 нафар занону бонувони ҳунарманд барои тавсеаи фаъолияташон грантро, ки 420 ҳазор сомониро ташкил медод, супурда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.