Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”

Шӯрои миллии муқовимат барои наҷоти Афғонистон, ки гуруҳҳо ва шахсиятҳои мухолифи Толибонро* гирд овардааст, дар вокуниш ба эътирозҳои мардумӣ алайҳи ин гурӯҳ дар Бадахшон гуфтааст, ки “Толибон бо таҳқир ва куштани мардум ба ҳадафҳои “ситамгаронаашон” намерасанд”. Дар ин бора хабаргузории “8 субҳ” иттилоъ медиҳад. Ин шӯро дирӯз, 5-уми май, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки Толибон […]

Asia-Plus

Шӯрои миллии муқовимат барои наҷоти Афғонистон, ки гуруҳҳо ва шахсиятҳои мухолифи Толибонро* гирд овардааст, дар вокуниш ба эътирозҳои мардумӣ алайҳи ин гурӯҳ дар Бадахшон гуфтааст, ки “Толибон бо таҳқир ва куштани мардум ба ҳадафҳои “ситамгаронаашон” намерасанд”. Дар ин бора хабаргузории “8 субҳ” иттилоъ медиҳад.

Ин шӯро дирӯз, 5-уми май, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки Толибон бештар аз ин бо “ситезаҷӯйиву зулм ва ваҳшигарӣ” сабри мардумро наозмоянд.

Дар ин эъломия омадааст, “Толибон бояд паёми садои эътирози мардумро дарк кунанд ва ба иродаи мардум итоат кунанд, вагарна исрор ба саркӯб, куштор, таҳқир ва мусодираи иродаи мардум пояи онҳоро хароб хоҳад кард”.

Шӯрои миллии муқовимат барои наҷоти Афғонистон афзудааст, “рафтори гурӯҳи Толибон дар ҳама ҷо, ба хусус дар қазияи ахири Бадахшон, нишон медиҳад, ки ин саркӯбии бераҳмона на ба хотири кишти кӯкнор, балки бо ангезаҳои сиёсӣ сурат мегирад, зеро Толибон, дар аксар ноҳияҳои кишвар худашон тарғибкунандагони кишти кӯкнор ҳастанд”.

Лозим ба ёдоварист, ки тайи се рӯзи ахир навоҳии Дароим ва Аргуи вилояти Бадахшон шоҳиди эътирозҳои мардумӣ алайҳи Толибон шуданд.

Эътирозгарон далели истодагарӣ дар баробари ин гурӯҳро “зулм ва таҷовуз ба ҳарими хусусиашон” аз сӯйи Толибон унвон мекунанд.

Аммо дар вокуниш ба талаби эътирозгарон Толибон оташ кушода, дастикам ду нафарро кушта ва беш аз 15 нафари дигарро захмӣ кардаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.